ПАРЧАМИ МИЛЛӢ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИ МОСТ

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 22 Ноябр 2025

Ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд суруди миллӣ, нишони миллӣ ва парчами миллии худро дошта бошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке аз идҳои расмии Тоҷикистон буда, бори аввал 24 ноябри соли 2009 “Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашн гирфта шуд. Дар ин рӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 150 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Дар вилояту ноҳияҳо ва муассисаҳои давалатӣ парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуда таҷлили Рӯзи Парчами Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳадаф аз ҷорӣ кардани ин ҷашн - арҷгузорӣ ба яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, яъне Парчами давлатӣ мебошад.

Парчам - ин рамзи соҳибистиқлолии давлат, ваҳдати миллӣ, ифтихор ва шукӯҳмандии миллат, таъриху фарҳанги бойи тоҷикон мебошад.

Парчами давлатӣ дар се ранг тавсиф ёфтааст: сурх, сафед ва сабз. Ҳар яке аз ин рангҳо рамзи як ҷузъи фарҳангӣ ва таърихии кишвар аст:

Ранги сурх рамзи муҳаббат ва иродаи озодии миллат мебошад. Ин ранг инчунин ба он шаҳодат медиҳад, ки халқ дар шодӣ ва тасмимҳои озодонаи худ зиндагӣ мекунад.

Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳ ва ягонагии миллат мебошад. Ин нишондиҳандаи якдилӣ ва сарҷамъии халқ аст, ки ба рушди давлати соҳибистиқлол меоварад.

Ранги сабз рамзи водиҳои сарсабзу хуршедӣ, кишоварзӣ ва табиати бойи Тоҷикистон мебошад.Ин ранг ҳамчунин рамзи рушд ва ояндаи муваффақи кишварро инъикос менамояд.

         Дар маркази парчам як тасвири хати сафед, ки дар он як ситора ва ду нимситора ҷой гирифтаанд. Ситора рамзи расми олии ҳокимияти давлатӣ ва ду нимситора дар ду тарафи он рамзи тартибот ва ҳамоҳангии ҷомеаро нишон медиҳанд.

         Рамзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин “нишона” ё “рамзи асосии парчами давлатӣ” буда, маънои рамзӣ ва таърихии унсурҳои дар Парчам ҷойгифтаро ифода менамояд

         Тоҷ ва 7 ситора - дар марказ ва ҳафт ситора ҷойгир аст.

         Тоҷ - рамзи давлатдорӣ, истиқлол ва соҳибихтиёрии миллат буда, ҳамчунин ифодагари давлатдории тоҷикон дар тӯли таърих мебошад.

         7 ситора - рамзи комилӣ, бахт, саодат ва ягонагӣ аст.

         Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадимаи миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст;

         Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст;

         Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлати соҳибистиқлол дар Ватани азизамон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.

         Дар воқеъ, парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеи муҳимро иҷро менамояд.

         Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад, ки ин омил боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ватани азизамон дар арсаи олам ба шумор меравад.     Мо - мардуми сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосо вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатии худ боз ҳам бештар муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем ва ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем.

         Бигузор Парчами ҷавҳарбори мо ҳамеша дар фазои кишвар баландафшон бошад ва ба ҳар фарди тоҷик неруи ифтихор ва ватандориро эҳдо намояд. Имрӯз Парчами Тоҷикистони азизамон дар дилу рӯҳи ҳар як тоҷик нур меафшонад. Бигзор ин рамзи муқаддас ҳамеша моро муттаҳид созад ва ба сӯи фардои дурахшон роҳнамо бошад.

Ҳумоюн Парчами иқболи тоҷик,

Муборак рамзи истиқлоли тоҷик!

 

Мусолиҳа Насруллоева, Ҷамила Шарифова, омӯзгорони кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top