Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатӣ буда, ифтихор, ваҳдат ва таърихи халқи тоҷикро таҷассум мекунад.
Парчами Тоҷикистон аз се рахи уфуқии ранги сурх, сафед ва сабз иборат аст. Дар миёнаи рахи сафед тасвири тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора ҷойгир аст.
Ранги сурх – рамзи шуҷоат, қаҳрамонӣ, муборизаҳои таърихии халқ ва инчунин рамзи истиқлолият мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон сурх рамзи оташ ва нерӯи ҳаётӣ низ ба ҳисоб меравад.
Ранги сафед – рамзи покӣ, ҳақиқат, адолат ва ниятҳои нек аст. Инчунин рамзи кӯҳҳои барфпӯши Тоҷикистон ва роҳи сулҳу субот мебошад.
Ранги сабз – рамзи табиат, кишоварзӣ, некуаҳволӣ ва зиндагии осуда аст. Сабз инчунин рамзи баҳор ва эҳё ба шумор меравад.
Дар қисми марказӣ тоҷи тиллоӣ ҷойгир аст, ки рамзи давлатдории тоҷикон, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ мебошад. Тоҷ дар таърихи тоҷикон ва сулолаи Сомониён аҳаммияти хос дошт.
Ҳафт ситора дар болои тоҷ рамзи комилӣ, саодат ва ҷаҳони маънавии тоҷикон аст. Дар фарҳанги шарқ ва махсусан дар тафаккури тоҷикон рақами ҳафт муқаддас шуморида мешавад (ҳафт осмон, ҳафт сайёра, ҳафт кунҷи Каъба ва ғайра).
Парчами навини Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман қабул гардид. Ин санад яке аз муҳимтарин қадамҳо дар роҳи таҳкими рамзҳои давлатии кишвар баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ буд.
Парчами Тоҷикистон рамзи сарнавишти умумии ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ҳар рангу ҳар унсури он бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон алоқаманд буда, истиқлолият, ваҳдат ва сулҳро таҷассум мекунад.
Парчами давлатӣ дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти қонунбарор, мақомоти иҷроия, мақомоти ҳокимияти судӣ ва дар дигар маконҳои расмӣ афрохта мешавад. Инчунин, Парчами давлатӣ дар болои биноҳо ва воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, дар болои воситаҳои нақлиётии шахсони расмии мақомоти олии давлатӣ, дар биноҳои раъйдиҳӣ ва интихоботӣ, дар қисмҳои Артиши миллӣ, дар постгоҳҳои марзӣ, дар мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар болои хонаҳои истиқоматӣ, дар толори маҷлисгоҳҳо ва маконҳои ба ин монанд афрохта мешавад. Тасвири парчам дар тамоми аломатҳое, ки муаррифгари давлатанд раво дониста мешавад. Умуман, Парчами давлатии Тоҷикистонро вобаста ба ҳолатҳои муайян истифода намудан мумкин аст, ба шарте, ки нисбати он беҳурматӣ зоҳир нагардад.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ рамзи давлатдории тоҷикон буда, ба ҷой овардани эҳтиром нисбати Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро парчам рамзи хосаи истиқлолият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва ҳастии миллат аст.
Шамсов Фатҳиддин Тоирович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 