“Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар баробари бисёре аз ҷашну санаҳои таърихӣ афзунгари эҳсоси ифтихормандиву сарфарозии миллати тоҷик, ки моҳият ва таъиноти барҷастаи ватандӯстона ва истиқлолпарастона доранду баҳри ҳамбастагиву сарҷамъии ҳамватанон равона гардидаанд, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосро соҳиб аст.
Маврид ба ёдоварист, ки 3-юми ноябри соли 2009 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Ин сана ҳамасола дар кишварамон ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун санаи барои мардуми Тоҷикистон муқаддас боз як нишонаи равшан ва рукни мустаҳками соҳибдавлатӣ ва мустақилият буда, арзиши маънавии он дар ҷодаи иттиҳод, ризоияти аҳли ҷомеа ва сафарбарии миллӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои бунёдкоронаву ормонҳои волои ватандорӣ хеле бузург аст.
Моддаи 18 Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд.
Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 1991 дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намуд. Дар робита ба ин, барои таҳияи Парчам, Нишони давлатӣ ва матни Суруди миллӣ комиссияи махсус ташкил карда шуда, вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ оид ба тарҳу намуди Парчами давлатии Тоҷикистони тозаистиқлол иқдомоте рӯи даст гирифтанд. Ниҳоят, 24 ноябри соли 1992 бо тасдиқи «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ ба шакли имрӯзааш пазируфта шуд.
Парчами давлатӣ рамзи шоистаи сарфарозӣ аз истиқлолу соҳибватанӣ ва омили муҳимми ифтихор аз давлатдориву мустақилият буда, миллати тоҷик ҳанӯз дар гузаштаҳои дури таърихӣ дорои суннатҳои бошарафи парчамдорӣ буд.
Ҳар як давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки муқаддасоти миллии худро нигоҳ дорад, аз ҷумла парчам, нишон, суруди миллӣ ва ё дигар рамзҳое, ки истиқлолияти давлатиро ифода менамоянд.
Парчаму истиқлолият беихтиёр ба даст наомадаанд. Онҳо заҳмати хеле зиёдеро талаб карданд ва бо азобу машаққат мо соҳиби он шудаем. Чунин мисраҳои шоирро ёдовар мешавем.
Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад,
Чанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ҳар як фарди бомаърифат ва соҳибхиради мамлакати озоду мустақили мо бояд Парчами давлатиро чун рамзи сарбаландӣ ва сарфарозию ифтихор дуруст шинохта, ба бузургӣ ва муқаддас будани он ба таври шоиста арҷгузорӣ карда, бо чунин муносибати ватандӯстона дар бунёди ҷомеаи пешрафта саҳм гузошта, садоқатмандона ва бо масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва эътибори миллату давлатамон дар сатҳи ҷаҳони муосир саҳмгузории арзанда намояд.
Хулоса, миллати куҳанбунёди тоҷик аз замонҳои қадим то ба ин рӯз соҳиби парчам буд ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷавонон масъул ва вазифадоранд, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намуда, ба ин муқаддасот арҷ гузоранд, зеро арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.
Аз ин лиҳоз, суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас мешавем: “Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем”.
Зубайдов Саидаҳмад, д.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва андозбандии ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 