Ҳамасола анъанаи миллӣ шудааст, ки санаи 24 ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи давлатдории халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон, ки дар байни ҷаҳониён тоҷиконро муаррифӣ менамояд, маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Зеро Парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои гуногун ва набарду муборизаҳои онҳо баҳри истиқлолу озодӣ шинохта мешавад.
Дар парчами ҳар давлати дунё нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳамон миллат ва роҳи таърихии тайкардаи он давлат таҷассум меёбанд. Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» навишта шудааст, ки парчам ин пӯпаки абрешимиест, ки ба нӯги байрақ мебастанд.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами тоҷикон рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон буданд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду пурқувват ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озоди арзёбӣ мегардад.
Бузургони миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро нигоҳ дошта ҳимоя кардаанд. Парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷдор, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Рангҳои парчам бошад, баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, бахту саодати абадӣ ва сарсабзиву шукуфоии ҳамешагии кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон мебошанд. Тоҷ ва ҳафт ситора дар болои парчам ишора ба решаҳои таърихии қадимтарини давлатдории Тоҷикистони азизи мо мебошад.
Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, ки қаҳрамониҳои зиёде менамоянд, дар майдонҳои фарҳангию миллӣ, варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Дар қатори парчами дигар давлатҳои ҷаҳон боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол партавафшонӣ мекунад.
Мо ифтихор дорем, ки ин дастовардҳо туфайли ҷаҳду талош, заҳматҳои зиёд ва роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати тоҷик ва тоҷикистониён гаштааст.
Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии аҷдодонамон, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои гузаштаю имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат, ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.
Яъне, ин эҳтиром ба руҳу равони Куруши Кабир ва Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҷомӣ, Муқаннаъ, Восеъ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст. Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад.
Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рангинкамон болои сари мо парафшон аст. Зери ин Парчам ва оҳанги Суруди миллӣ бо танини оҳанги ваҳдати миллӣ дӯстони худро истиқбол мегирем. Бигзор, то ҷовидон таҷаммули Ливои мо бо таронаи миллат ҳамнаво, нишон аз пояндагӣ ва соябони рисолати давлату миллати тоҷикон бошад.
Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузашт. Зери парчам-чун нишони муттаҳидӣ, озодӣ ва истиқлол сипаҳсолорон лашкарро аз майдони ҳарбӣ мебурданд ва ғолиб мешуданд. Пеш-пеши лашкар ва барои дар сафи пеши лашкар устувор доштан ва пеш бурдани лашкар сарбози далеру шуҷоъ ва тануманду ҷасурро интихоб мекарданд, ки ӯро маъмулан парчамдор, аламбардор ва ё байрақбардор мегуфтанд.
Ҷумъазода Шавкат Ҷумъа, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 