ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ!

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2025

Сарбаландиву шукӯҳу ифтихорам парчам аст,

Рамзи кишвар, парфишонии диёрам парчам аст.

Аз замони Кова мерос аст парчам баҳри мо,

Як нишони ин диёри номдорам парчам аст.

 

Парчам ҳамчун рамз ё нишонаи озодӣ, садоқат, шаъну шараф, даъват, муттаҳидӣ ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ватандорӣ маҳсуб ёфта, таърихи пайдоиши он ба замонҳои хеле қадим рафта мерасад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намудаанд: «Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор мерафтааст. Тавре ки аз саҳифаҳои таърихи ғановатманди халқамон бармеояд, яке аз парчамдорони нахустини халқи мо Коваи оҳангар будааст, ки барои барҳам задани пояи ҷабру бедод ва ба даст овардани озодиву истиқлол талошу мубориза бурдааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдории онҳо мақому манзалати пурарҷ доштааст».

Бояд зикр намуд, ки таърихи пайдоиши парчамдорӣ аз мардумони тоҷику - форс буда, рамзи ҳастии миллат ва давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ доштани инсонро муайян мекунад. Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби парчам буд ва дар ҳама давру замон онро чун гавҳараки чашм нигоҳдорӣ мекард. Таърих исбот намудааст, ки миллати тоҷик таърихи зиёда аз 6 ҳазорсолаи парчамдориро доро мебошанд. Гузаштагони халқу миллати тоҷик аллакай дар ҳазораи 3-2 то милод парчами худро доштанд, ки дар осори Абуалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ ва Табарӣ ба таври муфассал зикр шудааст.

Аз давраи ҳукумати сулолаи Каёниён то Сомониён садҳо фарзандони фарзонаи миллат баҳри ҳифзи ин рамзи озодӣ ва истиқлол ҷони худро нисор намудаанд. Дар тамоми набардҳо парчам муқобили душман чун рамзи сарҷамъӣ ва муттаҳиддӣ истифода мешуд. Барои ҳифзи он ҳар як ҷавонмардро лозим буд, ки то охирин нафас мубориза бурда, ин рамзи муқаддасро ҳифз намояд. Парчами Ҳахоманишиҳо дар дунёи қадим дар шарқ то сарҳади Чин, дар шимол то Қафқоз, дар ҷануб то Халиҷи Форс ва дар ғарб то Осиёи Хурду Миср парафшон буд, ки ин рамзи ҳукумати ҳамонвақтаи ниёгони тоҷикон дар ин минтақаҳои тамаддунхез ба шумор мерафт.

Вобаста ба ин, шоири шаҳири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ парчамро бо номҳои «Дирафши Ковиён» ва «Ахтари Ковиён» баён намудааст, ки он барои озодӣ аз зулму истибдод истифода бурда мешуд:

Чу Кова бурун омад аз пеши шоҳ,

Бар ӯ анҷуман гашт бозоргоҳ.

Ҳаме бархурӯшиду фарёд хонд,

Ҷаҳонро саросар сӯи дод хонд.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».

 

Маҳз фарҳангофариву давлатсозӣ ва парчамдории миллати тоҷик буд, ки ҳеҷ душмане натавонист номи миллат ва забони ширину гуворои тоҷикро аз байн барад. Тамоми он давлату миллатҳое, ки қудратро ба даст овардаанду ҳамчун давлати тараққинамуда шинохта шудаанд, аз миллати тоҷик сабақ омӯхтаанд, ки ин фахри ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Аз он мефахрем, ки дар пойтахти азизамон, шаҳри Душанбе, майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ ҳамчун рамзи таҷассумгари истиқлоли давлатӣ номгузорӣ шудаанд.

Хулоса, фарорасии Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумоён ҳамкасбон, шогирдон ва ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон ба қавли Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон: “Сари ҳамчун Парчам баланду рӯйи чун Парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун Парчам сафедро орзу менамоям”.

 

Махсумзода Нигина Давлат, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top