ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2025

Боиси фараҳмандию хушбахтист, ки миллати тоҷик дар баробари дигар халқияту миллатҳои гуногун дар масири таърих соҳиби Парчам, Нишон, забону фарҳанг, китобу қалам ва дигар арзишҳои волои давлатдорӣ буда, ба ин ҳама неъматҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд.

Пайдоиши парчамҳо таърихи беш аз шашунимҳазорсола дошта, тоҷикон аз оғози пайдоиши парчам соҳиби давлат ва Парчаму Нишон будаанд, ки ин анъанаи неки ниёгон имрӯз низ идома дорад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ буда, нишонаи давлатдорию ҳувияти миллии тоҷикон аст.

Сарчашмаҳои таърихӣ собитгари онанд, ки халқи тоҷик дар баробари дигар халқҳои ҷаҳон аз замонҳои хело қадим арзишҳои миллии худро доро буд. Ҳанӯз дар даврони Ҳахоманишиҳо муқаддасоти миллӣ, бахусус Парчам, ки рамзи давлатдорӣ, иттиҳоду якпорчагӣ ва ифодакунандаи ҳувияти миллӣ буд, миёни мардуми мо маҳбубияти хос дошт.

Бори нахуст дар давраи ҳукмронии Заҳҳок, ки ҷабру истибдод ва зулму беадолатиро ба мардум пеша карда буд, Коваи ҷасур бо шуҷоатмандӣ пешбанди кории худро ҳамчун Парчам истифода намуда, зери он мардумро иттиҳоду сарҷамъ карда, бар зидди душмани аҳриманӣ исён бардошт ва зери пешбанди чармии худ халқро муттаҳид намуда, дар ин муқобилият пирӯз шуд.

Баъд аз ин ҳодисаи таърихӣ Парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас дар давраҳои минбаъда ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфтааст.

Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то ба имрӯз дар мавзеъҳои гуногуни таърихии кишвар боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз аз замонҳои қадим Парчам рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номуси ватандорон будааст.

Бостоншиносон овардаанд, ки Дирафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихор ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст. Вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш аз кӯҳантарин муродифи парчам аст.

Дар масири пурпечутоби таърих миллати тоҷик вобаста ба ҳадаф ва мақсадҳои сиёсатҳо, муборизаю таҳдидҳои аҷнабиён ҳеҷ гоҳ парчами худро аз даст надода, онро ҳамчун муқаддасоти олӣ ҳифз намудаанд.

Маҳз ба ҳамин сабаб Парчами давлатиро ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ, ки мавҷудият ва ҳастии он нишонаи шараф, номус ва ғурури миллат аст, доимо бояд ҳифз намуд ва эҳтироми онро ҳамчун эҳтироми бузургтарин дороии миллат - давлатдории миллӣ ба ҷо овард.

Қобили қайд аст, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти басо ҳассос ва мураккаби сиёсӣ қабул гардидааст. Махсусан, бо рисолати таърихии худ Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор шуда, ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав, сарвари оқилу ҷасур ва ватандори асилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид шуд, ки ӯ Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи нобудшавӣ раҳонид, балки масири рушди босуботи ояндаи онро муайян кард. Аз ҷумла, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 - ум инҷониб, 24 - уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола таҷлил мегардад.

Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад.

Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, суруди миллӣ ва нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад.

Бинобар ин, мо бояд Парчами давлатиро мисли аҷдодони худ ҳамчун рамзи ҷовидонии давлатдории миллӣ ҳифз кунем, рӯҳу ҷони худро бо он пайванд созем ва дар ҳама ҳолат барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллати хеш таҳти ин ливои муқаддас сарҷамъ бошем.

Рӯзи Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон барои ҳар як фарди ҷомеа асолати миллӣ, ғурури сиёсӣ ва ҳувияту муҳаббати ватандориро таҳким бахшида, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони худ гардиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ҳар як ранги он нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳафт ситораи дурахшон мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва аз ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Рисолати бузурги парчамдорӣ аз гузаштагон ба мо мерос монда, бо таваҷҷуҳ ва хизматҳои шоистаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат ин иқдоми шоиста дар шароити имрӯза идома дорад.

Парчами давлатӣ барои ҳар як миллат рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ифтихору ғурурӣ миллӣ мебошад. Аз ин хотир мардуми шарифи Тоҷикистони азиз ба он ҳамчун муҳимтарин рукни давлатдорӣ ва воситаи асосии муттаҳидкунанда арҷ мегузоранд.

Ҷилваи Парчам дар ҳар гӯшаи диёр баёнгари мустақилият ва рушду пешрафти давлат буда, қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ қарзи фарзандии ҳар як фарди бедордил мебошад.

Бояд таъкид дошт, ки таҷлили рӯзи Парчами давлатӣ низ яке аз омилҳои болоравии ҳувияти миллӣ ва дарки худшиносӣ, эҳтиром ба забону фарҳанг буда, ин санаи фархунда дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон бо ҳарфхои зарҳалин сабт хоҳад шуд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ин муқаддасоти миллӣ ливои озодию истиқлолият, сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки дар даврони истиқлолият беш аз пеш ба масъалаи баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихор аз ватандорӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистонро дар ҳар як гӯшаю мавзеъ, биноҳои маъмурию хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои гуногун дидан мумкин аст. Парчами давлатии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаи дунё, аз бинои Созмони Милали Мутаҳид сар карда, дар тамоми сафоратхонаҳою намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар партавафшон аст.

Махсусан, маҷмааи Парчами давлатӣ дар маркази пойтахти азизамон диққати ҳар як сокину меҳмонро ба худ ҷалб менамояд. Он ҳамчун баландтарин Парчам ба китоби “Рекордҳои Гиннес” шомил гардидааст, ки ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ маҳсуб меёбад. Ҳамзамон дар ҳар як шаҳру ноҳия ва гӯшаҳои ватани маҳбубамон низ майдону маҷмааҳои бешумори парчами давлатӣ бунёд шудаанд, ки барои талқин намудани ғояҳои худшиносӣ ва баланд бардоштани эҳсоси волои меҳанпарастӣ барои насли ҷавону наврас хидмати шоиста менамоянд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маросими ифтитоҳи маҷмааи Парчами миллӣ 30 августи соли 2011 эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасоти миллиро, ки рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу ифтихор ва нангу номус мебошад, таъкид доштанд, ки “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад”.

Бигзор, Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар ва парафшон бошад!

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

Фирӯза Шарифӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top