Маҳз, ҳамин иҷлосия сарнавишти миллати тоҷикро дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ муайян намуда, давлати моро аз хатари аз байн рафтан ва миллатамонро аз пароканда шудан наҷот бахшид.
Эмомалӣ Раҳмон
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик рӯйдоди таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. Иҷлосияи мазкур тавонист, ки тадбирҳои барқарор кардани шохаҳои ҳокимият дар тамоми минтақаҳои мамлакат аз ҷумла, интихоби раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалу фасл намудани дигар масъалаҳои марбут ба некхоҳии халқро қабул ва баррасӣ карда, ояндаи дурахшони кишвари дар вартаи ҷаҳолат қарордоштаро муайян намояд.
Бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риштаҳои кандаи як дилу як тан, як забону як макон, бародар бо бародар бо ҳам пайваст гардиданд.
Дар нахустин гузориш худ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ин ки вазъро ором намоем…».
Иҷлосия нақши бузурги созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ ва таҳқими сулҳи Тоҷикистон аз он оғоз мегирад. Иҷлосия исбот кард, ки миллати тоҷик дорои қувваи солим ва иродаи қавиест, ки кишварро аз буҳрони сиёсӣ берун бароварда метавонад.
Аҳаммияти таърихии Иҷлосия барои дарки худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва мардуми Тоҷикистон арзиши бузурги таърихӣ дорад, ки имрӯз мояи ифтихор аст.
Иҷлосия истиқлоли воқеии миллати тоҷикро бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда, барои худшиносии миллӣ ва иқдоми муҳимми сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозида, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар Эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълон дошта бошад, пас Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошта, миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.
Ҳанӯз соли 1992 раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард.
Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати Сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи Сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Дар он иҷлосия Сарвари нави давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру матинирода Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромаданд. Бо шунидани нахустин суханҳои самимию умедбахш ва қатъии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чеҳраи аҳли толор ва мардуми кишвар, ки руҳафтодаю маъюс буданд, шарораи умед дурахшид.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ шурӯъ кардан ба мардуми шарафманди Тоҷикистон муроҷиат намуда, парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва бо иштирокдорони иҷлосия рӯ оварда чунин иброз намуданд, ки: «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди миллати тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Инчунин, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боъэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, азнавсозии низоми давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуданд.
Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асосии худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам».
Баъдтар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуданд: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем.»
Ҳамин тариқ, дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо таъкид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини моро на танҳо наслҳои имрӯзаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом додаанд. Бо роҳбарии оқилонаи Ҷаноби Олӣ кишвар аз рӯзҳои вазнини ҷанг ва буҳрон гузашта, ба давлати ором, обод ва пешрафта табдил ёфт. Тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат дар самтҳои сулҳу ваҳдат, рушди иқтисод, маориф, фарҳанг ва худшиносии миллӣ боис гардиданд, ки пояҳои истиқлолият мустаҳкам гарданд.
Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Сулҳи бунёдкори мо омад,
Ҳотифи зиндадори мо омад,
Фурсати шоҳкории мо омад...
Қаҳҳоров Масъуд Маҳмудович, мудири кафедраи забонҳои ДДТТ
Озодамоҳи Рауф, ассистенти кафедраи забонҳои ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 