16-УМИ НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2025

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар кишвари азизамон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси баланди шукргузории миллати куҳанбунёд ва мардуми шарифи Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад

Ин рӯз ба оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон дар замони соҳибистиқлолӣ ишора мекунад, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, ба иҷрои вазифаи президентӣ шурӯъ карданд.

 Ин ҷашн, пеш аз ҳама рамзи сипосгузорӣ аз ҳастию бақои давлату миллат, таҳкими истиқлолу ваҳдат, таъмини сулҳу субот ва саҳми сарнавиштсози Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд, ба шумор меравад.

 Нахустин Президенти ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихобшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ роҳбарии кишварро ба зимма гирифта, бо азму иродаи матин, фидокории бемисл, қалби пурмеҳру дасти сулҳовар, талошу заҳматҳои пайваста тавонистанд миллатро сарҷамъ ва давлатро пойдор нигаҳ доранд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи барҷастаи таърихӣ дар таҳкими давлатдорӣ, барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои давлатдории навини тоҷикон нақши муассиру мондагор гузоштаанд.

 Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба сулҳу суботи комил, таҳкими аркони давлати ҳуқуқбунёду асосҳои ҷомеаи демократӣ, татбиқи тадриҷии ҳадафҳои стратегии миллӣ, афзоиши рӯзафзуни сатҳи некуаҳволии иҷтимоиву иқтисодии мардум, пешбариву татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ, муаррифии шоистаи арзишҳои миллии фарҳангии мо аз минбарҳои ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки интихоби шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол қарори дурусти таърихӣ, таҳаввулбахши ҳаёти миллату тақдири давлат буд.

 Маҳз ҷиҳати дарки аҳаммияти меҳварӣ, тақвияти ғоявию ҳуқуқии ниҳоди Президент дар саросари диёри хушманзару озодаи мо санаи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми сокинони сарбаланду ватандӯсти кишвар бо маҳбубияти том ва ҳисси арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад.

 Мардуми шарифи кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, дар рушду нумуъ ва шукуфоии мамлакати азизамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Абдушафе Азимбоев, Ҷамила Шарифова - омӯзгорони кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт.

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top