Яке аз рӯйдодҳои бузурги таърихӣ барои тамоми мардуми шарафманди кишвар ин баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон ва тоҷикистониён нақши муҳим дорад. Тақдири кишвар ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд. Барои тоҷикон, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳилаи тақдирсоз шинохта мешавад, зеро қарорҳо ва барномаҳои қабулшуда самтҳои ояндаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллатро муайян намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуданд, зеро он дар кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард. Маҳз дар Иҷлосияи такдирсози мазкур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ваколати Сардори давлат ба он кас дода шуд. Ба уҳдаи сардори давлат таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва созандаи Пешвои муаззами миллат мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.
Дар ин росто, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як марҳилаи таърихӣ ва тақдирсоз дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар табдил ёфт. Ин иҷлосия дар замони ҳассос ва печидаи сиёсӣ баргузор шуд ва қарорҳои қабулшуда самтҳои ояндаи давлатдорӣ ва идоракунии ҷомеаро муайян карданд. Аҳаммияти иҷлосия дар он буд, ки он пояҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиро барои ташаккули давлати мустақил ва устувори миллӣ фароҳам овард.
Воқеан ҳам нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия тақдирсоз ва ҳалкунанда буд, зеро Роҳбари давлат бо роҳбарии стратегӣ ва сиёсати устувор заминаи рушди давлат ва барқарории суботро фароҳам оварданд.
Президенти кишвар ҳамчун пешсафи сиёсӣ ва роҳбари стратегии Иҷлосия нақши ҳалкунанда дошта, дар таъмини ҳамгироӣ ва субот дар ҷараёни қабули қарорҳо, ҳидоят ва роҳнамоӣ дар самти барқарории низоми давлатдорӣ, ҷалби ҷонибҳои мухталиф барои ҳамоҳангсозӣ ва ҳамгироии сиёсӣ, таҳия ва амалигардонии барномаҳои стратегии рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ саҳми барҷаста доранд.
Имрӯзҳо бо гузашти солҳо барои мо, сокинони сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз шароити муносиб фароҳам омадааст, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сабақ омӯхта, ҷиҳати таъмини пешрафти Ватани азизамон, расидан ба дастовардҳои тозаву навин, музаффариятҳои арзанда, рушди устувор, барқарории субот, таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ тамоми дониш, неру ва иқтидори худро равона намоем.
Сафаров Ҷовидон Азизмадович, н.и.и., дотсент, декани факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук
Назруллозода Майсара Назрулло, н.и.и., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 