16 ноябри соли 1992 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз ҷой гирифтааст. Ин рӯз ба марҳилаи эҳёи сохтори қонунии давлат, барқарорсозии низоми идоракунии давлатӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият марбут аст, ки пас аз солҳои ноустувории сиёсӣ ва низоъҳои дохилӣ ба миён омад.
Аз 16 ноябри соли 1992 то 2-юми декабри ҳамон сол дар дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсии барқарорсозии давлат ва устувор кардани низоми қонуниро фароҳам овард. Ин иҷлосия на танҳо як чорабинии сиёсӣ, балки падидаи муҳим дар таърихи давлатсозии пасошӯравии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки боиси барқароршавии субот ва эҷоди фазои ҳамгироии миллӣ гардид.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон дар як марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихӣ қарор дошт. Таназзули низоми идоракунӣ, ихтилофҳои дохилӣ ва буҳрони иқтисодӣ ҷомеаро ба ҳолати ноустуворӣ ва ноамнӣ оварданд. Дар чунин вазъият барқарорсозии ҳокимият, устувор кардани қонуният ва эҷоди фазои ҳамгироии миллӣ як зарурат буд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун чорабинии сарнавиштсоз имконият дод, ки кишвар роҳи барқарорсозии сохтори қонунии давлатдориро оғоз намояд.
Аз нигоҳи илмӣ нақши шахсияти сиёсӣ дар чунин марҳилаҳо аҳаммияти стратегӣ дорад. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии сохтори давлатдорӣ ҳамчун намунаи роҳбарии устувор ва иродаи сиёсӣ арзёбӣ мешавад. Иродаи раҳбарият дар ҷараёни ҳаллу фасли низоъҳо ва таҳкими сохтори қонунӣ ба амалӣ шудани устувории сиёсӣ ва рушди иқтисодӣ мусоидат намуд. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва тадбирҳои минбаъда намунаи возеҳи таъсири шахсияти роҳбар дар эъмори давлат ва таҳкими ваҳдат мебошад.
Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар он ифода мегардад, ки он имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон роҳи нави рушди давлатдориро бо такя ба таҷрибаи таърихӣ ва воқеиятҳои сиёсӣ муайян намояд. Барқарорсозии ҳокимияти қонунӣ, фаъолияти мақомоти идоракунӣ ва ташкили сохтори мутамаркази давлатӣ ба рушди устувори сиёсӣ ва иқтисодӣ замина гузошт. Ин раванд на танҳо фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва низоми идоракуниро таҳким бахшид, балки ба рушди иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият низ мусоидат намуд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва тадбирҳои минбаъда нишон доданд, ки дар шароити буҳронҳои амиқ низ давлат метавонад бо роҳи созанда, тавассути қарорҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иродаи устувор сулҳу суботро барқарор намояд. Аз нигоҳи таҳлили илмӣ, нақши Пешвои миллат дар ин раванд беназир аст, зеро Сарвари давлат тавонистанд марҳилаи ҳассоси таърихиро ба як давраи устувории сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил диҳанд. Ин таҷриба дар илми сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ ҳамчун намунаи муваффақияти роҳбарӣ дар барқарории давлатдории пасошӯравӣ арзёбӣ мешавад.
Дар натиҷаи чорабиниҳои минбаъда фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дубора ба тавозун даромад, системаи идоракунӣ шакли муассиртар гирифт ва мувозинати сиёсӣ дар дохили кишвар таъмин гардид. Таҳлили илмӣ нишон медиҳад, ки барқарорсозии сохтори идоракунӣ ва устувор кардани институтҳои қонунгузор ва иҷроия заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Ин раванд ба ҳифзи субот, эҷоди фазои амниятӣ ва таҳкими истиқлолият нигаронида шуда, нақши Пешвои миллатро ҳамчун маркази иродаи сиёсӣ ва ташаббускори ҳалли мушкилоти давлатдорӣ нишон медиҳад.
Аҳаммияти сиёсӣ ва иҷтимоии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ инчунин дар он аст, ки ин сана ҳамчун рамзи ҳамгироии миллӣ ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ дар ҷомеа ҷой гирифтааст. Эҳтиром ба институтҳои давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии кишвар ва ҳифзи истиқлолият ба наслҳои ҷавон сабақ медиҳад, ки устувории давлат ба қонуният, ҳамгироии ҷомеа ва иродаи сиёсӣ вобаста аст.
Аз нуқтаи назари таҳлили давлат ва ҳуқуқ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ намунаи воқеии гузариш аз буҳрон ба устувории давлатӣ мебошад. Ин сана таҷассуми марҳилаи барқароршавии низоми қонунии идоракунӣ ва таъсиси фазои амниятӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар аст. Нақши Пешвои миллат дар ин раванд на танҳо ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун стратег ва ташаббускори ҳалли мушкилоти давлатдорӣ ба таври илмӣ арзёбӣ мешавад.
Раванди барқарорсозии сохтори давлатдорӣ ва ҳифзи субот имкон дод, ки Тоҷикистон ба сӯи таҳкими истиқлолият, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қадамҳои устувор гузорад. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ҳамчун рӯйдоди таърихӣ ва аҳаммиятбахш нишон дод, ки дар шароити таназзули сиёсӣ ва иҷтимоӣ давлат метавонад бо ирода ва стратегияҳои муассир устувор шавад.
Дар маҷмӯъ, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ на танҳо як чорабинии сиёсӣ ва таърихӣ, балки рамзи барқарорсозии давлатдории миллӣ, устувории низоми қонунӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини ваҳдати миллӣ ва барқарории сохтори давлатдорӣ ҳамчун намунаи амалии роҳбарии муосир ва таъсиргузори сиёсӣ нақши ҳалкунанда дорад.
Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 