Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби мардум интихоб шуда буданд, савганд ёд намуда, нахустин Президенти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардиданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳиби унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳастанд, ба рамзи суботу пешрафт дар Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Корнамоӣ ва дастовардҳои Пешвои миллат дар истиқрори сулҳ ва барқарории давлатдории ҷумҳурӣ пас аз бӯҳрони солҳои 90-ум ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гаштаанд.
Сарвари давлат тавонистанд беш аз як миллион гурезаро ба ватан баргардонида, роҳи рушди осоиштаро боз намоянд. Пешвои миллат на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, балки суботи сиёсиро таъмин намуда, вазъи иҷтимоию иқтисодии кишварро беҳтар намуданд.
Таъсиси ин ҷашн аз нақши бузурге, ки Сарвари давлат дар бунёд ва таҳкими давлатдории тоҷикон бозидааст, таъкид мекунад. Кӯшишҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо ҷоизаҳои байналмилалӣ, ки аз саҳми ӯ дар сулҳу суботи кишвар ва минтақа шаҳодат медиҳад, қадрдонӣ карда шудаанд.
Ҳамасола дар ин рӯз дар мамлакатамон чорабиниҳои зиёди фарҳангиву маърифатӣ ва намоишгоҳҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор карда мешаванд .
Бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон бо узвият ба СММ ва дигар созмонҳои сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нуфузи байналмилалии худро мустаҳкам намуда, бо аксари кишварҳо равобит барқарор намуда, таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба масоили глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, захираҳои об ва рушди устувор, тағйирёбии босуръати иқлим ва ғайраҳо ҷалб намуданд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми беандозаашон дар таъмини сулҳу амният ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон дар арсаи байналмилалӣ сазовори эътироф ва эҳтиром гардидаанд. Сарварии Пешвои муаззами миллат мардумро муттаҳид намуда, ба рушди созанда илҳом бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари воқеан соҳибистиқлолу шукуфон табдил дод.
Азизова Назира Аҳмадовна, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 