Дар ҳар давру замон шахсиятҳое ҳастанд, ки бо хиради бузург, диди равшан ва муҳаббати беандоза ба халқи худ метавонанд миллатро аз торикӣ ба сӯи нур баранд. Барои миллати тоҷик чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсатмадор, балки наҷотбахши Ватан ва бунёдкори ҷомеаи сулҳдӯст мебошанд. Дар он солҳои пурошӯби ибтидои истиқлол, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба давлат ва миллат таҳдид мекард, маҳз бо иродаи қавӣ ва хиради давлатдории Сарвари мамлакат сулҳу субот дар кишвар барқарор гардид. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 дар таърихи давлатдории мо рӯйдоди сарнавиштсоз шуд. Бо ин амал Пешвои миллат номи худро ҳамчун сулҳовар ва ваҳдатсози ҳақиқӣ дар саҳифаи таърихи тоҷикон ва ҷаҳон ба ҳарфҳои заррин сабт намуданд. Имрӯз Тоҷикистон бо роҳбарии оқилонаи ӯ ҳамчун кишвари ором, сулҳпарвар ва амн шинохта мешавад.
Ғамхорӣ ба занону духтарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат мебошад. Пешвои миллат ҳамеша қайд менамоянд, ки «зан модар аст ва модар ҳастии зиндагист». Бо шарофати ғамхориҳои пайвастаи Президенти кишвар имрӯз занону духтарони тоҷик дар ҳамаи соҳаҳо - аз сиёсат то илм, аз маориф то иқтисод фаъоланд.
Бо дастгирии Пешвои миллат қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занону мардон қабул шуданд. Барои духтарони деҳот квотаҳои президентӣ ҷорӣ гардиданд, ки ба онҳо имкони таҳсил ва соҳибкасб шуданро медиҳад. Ин иқдом далели равшани он аст, ки Пешвои миллат ба нерӯи зан эътимод доранд ва ояндаи ҷомеаро бе иштироки онҳо тасаввур намекунанд.
Арҷгузорӣ ба омӯзгорон ва аҳли маориф яке аз иқдомҳои бевоситаи Президенти кишвар аст. Омӯзгор - пояи маърифат, меъмори зеҳн ва қалби ҷомеа аст. Пешвои миллат бо эҳтиром ба заҳмати омӯзгорон ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки сатҳи зиндагӣ ва шароити кори онҳо беҳтар гардад. Дар даврони истиқлол садҳо мактабу муассисаҳои нави таълимӣ бунёд ёфтанд, барномаҳои давлатии рушди маориф татбиқ шуданд, музди меҳнати омӯзгорон зиёд гардид. Ҳар сол омӯзгорони беҳтарин бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мешаванд. Ман ҳамчун омӯзгор бо ифтихор мегӯям, ки Пешвои миллат арзиши воқеии касби омӯзгориро баланд бардоштанд ва онро яке аз сутунҳои асосии пешрафти давлат мешуморанд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат як аз масъалаҳои муҳим аст, чунки дар сатҳи байналмилалӣ Сарвари тоҷикон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалии об шинохта шудаанд. Чандин маротиба аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баромад намуда, масъалаи обро ҳамчун манбаи ҳаёт ва сулҳ матраҳ карданд.
Рушди илм ва фарҳанг - эҳёи худшиносии миллӣ мебошад, ки Пешвои миллат дар навбати худ ҳамеша таъкид мекунанд, ки миллате, ки фарҳанг ва илм надорад, наметавонад оянда дошта бошад. Ба ҳамин хотир, дар баробари сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Бо ташаббуси Президенти маҳбуби кишвар китобҳои арзишманди миллӣ ва адабии ҷаҳонӣ нашр шуданд. Аз ҷумла, чопи бошукӯҳи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Тоҷикистон рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихор ва забони модарии мост. Чопи ин асари нодир на танҳо арҷгузорӣ ба Фирдавсӣ, балки пайванди маънавии тоҷикони имрӯз бо гузаштагони худ мебошад. Ғайр аз ин, бо ташаббуси Пешвои миллат даҳҳо осори нодири классикон - Рӯдакиву Сино ва Ҷомию Ҳофиз аз нав нашр шуданд. Бунёди Китобхонаи Миллӣ ва Осорхонаи Миллӣ намунаи эҳтироми давлат ба фарҳанг аст.
Президенти мо сулҳ оварданд, ваҳдатро пойдор сохтанд, фарҳангро эҳё карданд, ба занону духтарон эҳтиром гузоштанд, омӯзгоронро қадр намуданд ва ба ҷавонон роҳ кушоданд. Ман, ҳамчун омӯзгори тоҷик, бо ифтихор мегӯям: Президенти ман воқеан яке аз шахсиятҳои бузургу сулҳпарвари ҷаҳон ҳастанд, ки бо хираду меҳри инсонӣ барои насли имрӯз ва фардо рӯшноӣ меоранд.
Мавлонзода Фарзона Усмон, ассистенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 