Бале таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик яке аз миллатҳои қадимтарини сайёра ба шумор меравад. Аз ин рӯ, давлатдории тоҷикон низ таърихи дуру дароз ва қадима дорад. Ба ҳамаи сахтиву пастиву баландиҳое, ки таърих ба сари миллат оварда буд, миллати тоҷик ҳамеша тавонистааст фарҳангу давлатдории хешро нигоҳ дорад. Миллати тоҷик аз давраҳои қадим то имрӯз ҳамчун як миллати тамаддунофар ва бофарҳанг пазируфта мешавад.
Миллати аз азал бо чеҳраи беназиру ҷонфидои миллат, ки номи худро дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷовидонӣ сабт намуданд, ифтихор дорад. Фарзандони бо нангу номус ва содиқу ҷасури ин миллат дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодиро ҳимоя намуда, қаҳрамонӣ нишон доданд. Корнамоии Доро, Ардашери Бобакон, Исмоили Сомониву Восеъ роҳнамои зиндагии насли ояндасози миллатанд.
Минбаъд низ ашхоси ҷонфидо баҳри амният, боло будани сатҳи худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, парчамбардорони миллати тоҷик гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба шаш нафар фарзандони барӯманди халқи тоҷик унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд. Ҳар яки ин фарзонафарзандони миллати дар ҳар давру замон корнамоиҳое намуданд, ки барои тасвир намудани онҳо қалам оҷизӣ мекунад. Яке аз ин фарзонафарзандони бонангу номуси миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Қаҳрамонӣ, заҳмату ранҷи бешумор, аз худ гузаштан ҷоннисориро тақозо мекунад. Ин унвони олӣ насиби ҳар кас намегардад. Навобаста аз тағйир ёфтани сохти ҷомеа ҳар як давр қаҳрамону хирадмандони худро меофарад. Замони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик ба арсаи ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири миллатро ба кулли тағйир дода, барои миллат муҳимтарин арзиш - Сулҳро овард.
Моҳи ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин суханрониашон баъди интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: “Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар оила ва ҳар хона барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам...”.
Имрӯзҳо мо шоҳиди зиндаи ин ваъдаҳоем, ки ин ҳама ҷонфидоиҳо ба шарофати сулҳ, ободии ин ҷаннатзамин, озодии ин миллати куҳан ва тинҷиву амонӣ мебошад.
Ҳамин оромию тантанаи сулҳ ва пешравию тараққиёт буд, ки Тоҷикистонро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон мешиносанд ва эътироф менамоянд. Ташаббусҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллати тоҷикон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардидаанд, аз ҷониби аксарияти давлатҳои ҷаҳон пазирифта шудаанд, ки ин далели хирадмандӣ ва дурандешии Сарвари давлатамонро нишон медиҳад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон эълон гардидани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, “Солҳои 2018 – 2028 солҳои об барои рушди устувор”, Соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» тасдиқи ин гуфтаҳост.
Ҳамзамон ба ибтикори меҳанпарастонаи Пешвои муаззами миллат барои нигоҳдорӣ ва ҳифзи фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати тоҷик дар мисоли “Шашмақом”, “Фалак”, “ Наврӯз”, “Оши палав” ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардиданд. Маҳз кӯшишҳои Пешвои миллат буд, ки Наврӯз ҷаҳонӣ гардид, шашмақому фалак ҳамчун беҳтарин жанри мусиқӣ пазируфта шудаанд.
Аз рӯзҳои ба сари ҳокимият омадани Пешвои муаззами миллат ваъда дода буданд, ки Тоҷикистонро аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо менамоянд. Ҳамин хел ҳам шуд. Тоҷикистони азиз имруз пайвандгари қитъаи Осиё бо Аврупо мебошад. Роҳи автомобилгарди сатҳи байналмиллалӣ то сарҳади давлати Чин, пулҳои бузургтарини рӯдхонаи дарёи Панҷ, ки ду миллати ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳангро ба ҳам пайваст менамояд, шоҳиди ҳоланд.
Хизмату заҳматҳои таърихиву бунёдӣ, созандагиву ҷоннисориҳои Пешвои сулҳофар ва маҳбуби миллат дар хомӯш кардани оташи ҷанги хонумонсӯз, гирифтани пеши роҳи парокандагии кишвар низ беандоза аст. Бисёре аз муттафакирон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ бар он ақидаанд, ки таҷрибаи сулҳофариро бояд аз Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхт.
Сиёсати ватандӯстона ва сулҳофарандаи Пешвои муаззами миллат намунаи буда, сиёсати хирадмандона, созандагӣ ташаббускории ӯ саропо сабақ аст. Асарҳои офаридаи Пешвои муаззами миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Забони миллат – ҳастии миллат», «Чеҳраҳои мондагор», «Уфуқҳои Истиқлол» ва монанди инҳо, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд, намунаҳои олии таҳлили паҳлуҳои ҳаётан муҳимми зиндагии миллати тоҷик дар тули ҳазорсолаҳо ва замони муосир мебошанд.
Бо боварӣ метавон, гуфт ки зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра сабақ аст, ки гузаштан аз ин мактаби беназир инсонро ба амалҳои нек раҳсипор менамояд. Барои насли ояндасоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мактаби шуҷоат ва мардонагиро ба мерос монданд, ки сабақ омӯхтан дар он ба инсон обрӯ ва саодат меорад.
Барои тасвир намудани корнамоиҳои Пешвои муаззами миллат қалам оҷизӣ мекунад ва сухан камӣ.
Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,
Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ.
Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ ту меарзӣ.
Сабрина Ясакиева, муаллими калони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 