Дар асоси тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” қабул шудааст, аз 16-уми ноябри соли 2016 инҷониб ин сана ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар саросари кишвари маҳбубамон ба ифтихори Рӯзи Президент силсилачорабиниҳои мухталиф, аз қабили симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишу намоишҳои фарҳангӣ, ҷамъомадҳои тантанавию оммавӣ баргузор гардида истодаанд, ки ҳар кадом рамзу шукӯҳи худро доро аст.
Албатта, илми сиёсӣ собит намудааст, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар муқаддасоти миллӣ сарвари сиёсӣ ҷойгоҳи асосӣ дорад. Таҳлили раванди бунёд ва ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёд нишон медиҳад, ки дар ин миён нақш ва талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва арзишманд мебошад.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири арзишҳои баланди миллӣ ва ташаббусҳои созанда буда, пажуҳишҳои алоҳидаро тақозо менамояд.
Воқеан, кору пайкори ин марди хирад мактаби омӯзиш ва парвариш аст, ки аз як тараф муҳиммияти таҷлили Рӯзи Президентро бозгӯ менамоянд, аз тарафи дигар нақш ва ҷойгоҳи ниҳоди Президентиро дар бақо ва рушди Тоҷикистон арзёбӣ мекунад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти мардумӣ дар ҳифзи истиқлоли сиёсии Тоҷикистон тавонистанд нақши калидӣ гузоранд. Ба ҳама маълум аст, ки миллати тоҷик баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ соҳиби давлати мустақил гардид ва баробари эълон гардидани Истиқлоли давлатӣ ба вартаи ҷанги таҳвилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Воқеан, дар он вақт давлати тозаистиқлол ва миллат дар ҳолати нобудӣ парокандашавӣ қарор дошт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз интихоб гардиданашон ба сифати Раиси Шурои Олӣ дар рӯзномаи кории худ масъалаи барқарорсозии сулҳу ваҳдатро дар мадди аввал қарор дода, ба саҳнаи сиёсат ворид ва бо андешаи созандаи барқарории сулҳу ваҳдат фаъолияти худро оғоз намуданд. Дар ҳақиқат, иброз доштани “Ман ба шумо сулҳ меорам”-и муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид ва дар фазои сарзамини биҳиштосоямон суруди сулҳ танинандоз гардид .
Ҳамзамон, ин марди хирад дар баробари ҳифзи истиқлол ва барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ба масъалаи ташаккул ва рушди низоми сиёсии Тоҷикистон, таъмини амнияти миллӣ, шахс, ҷомеа ва давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Баъд аз барқарории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ташаккули низоми сиёсӣ таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба масъалаи бартараф намудани харобаҳои ҷанг ва баромадан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зиндагии хубу шоиста барои аҳолии кишвар нигаронида шуда, ин марди хирадпешаву оқил ва фарзонафарзанди диёр пеш аз ҳама ба ҳар як сухани хеш содиқ монда, тавонистанд ҳар як нақшаи созандаву бунёдии тарҳрезинамудаи хешро бо заҳмату талоши пайваста ва қувваю неруи мардуми шарифи кишвар дар амал татбиқ намоянд.
Мо шукрона мекунем, ки имрӯз Тоҷикистони биҳиштосоямон дар қатори амнтарин давлатҳои ҷаҳон қарор гирифта, барои зиндагии шоиставу арзандаи ҳар сокини кишвар беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар фазои сарзамини ободу офтобиамон навои сулҳу суботи комил, ҳамдиливу осоиш танинандоз гардида, парчами Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса парфишонӣ мекунад.
Дар ҳақиқат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва эҳёи таърих ва фарҳанги миллати тоҷик нақши калидӣ гузоштаанд ва маҳз соҳибистиқлолӣ ва фаъолияти тамаддунофарии Роҳбари давлат таърих ва арзишҳои фарҳанги миллиро ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд, ки ин ҷаҳду талош, фаъолияти сабақкушо ва хизматҳои шоистаи ин абармарди таърих барои таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор сохта, он муҳим ва шоиста мебошад.
Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович, н.и.и., омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 