АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2025

Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик тақдирсоз буда, аҳаммияти таърихӣ дорад, чунки дар ин иҷлосия ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ боз дошта, ҳукумати қонунӣ барқарор карда шуд, ба пойдевори сулҳу салоҳ асос гузошта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагии халқ оғоз ёфт.

Дар иҷлосия тасдиқ гардидани рӯзномаи он, баъд аз он интихоби роҳбари давлат яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳокима, қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба Сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз 197 нафар вакилони мардумӣ 186 нафар ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Дар натиҷа 19-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон - собиқ Раиси комиҷроияи вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ, раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки дар як вақт иҷрокунандаи Президенти ҷумҳурӣ низ ба шумор мерафт. Гирифтани унвони Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи тақдирсози миллат сарчашма мегирад.

Воқеан, рафти ҳодисаҳо ва ҳаёт нишон дод, ки суханони Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ ба хотири шукӯҳи яклаҳзаинаи минбар набуда, балки баёнгари марди матину қавиирода, якрӯву якмаром будани гуяндаи он аст. Сарвари тозаинтихоби мамлакат дар ваъдаи худ содиқ монда, аз мушкилот наҳаросида, ҷони худро ба гарав гузоштанд ва билохира ба ҳадафи худ расиданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро аз ҷустуҷӯву дарёфти роҳҳои пешгирии хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини ҳаёти осоишта дар кишвар оғоз намуданд. Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонат, халқи тоҷикро аз парешонӣ сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонданд.

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншоотҳои азим ба вуҷуд омаданд, барои бо ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Маҳз заҳмату талошҳои Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро беш аз 193 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва бо 180 давлати ҷаҳон шартномаҳои гуногун имзо шудааст.

Дар тули 34 соли истиқлолият кишвари маҳбуби мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ кадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии нав гардид.

Имрӯз бе ягон шакку тардид метавон иброз намуд, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи нави бунёдкориву созандагиро эҷод намуда, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии ҳар яки моро хеле боло бурд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ гардид.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки давраи навини қонунгузории кишвар аз ин иҷлосияи тақдирсоз оғоз гардидааст ва дар маҷмӯъ, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ тадбирҳои муҳимми сарнавиштсози зеринро анҷом додааст: роҳбарияти нави сиёсии мамлакатро таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд, сохтори конститутсиониро дар мамлакат барқарор сохт, хатари пош хӯрдан ва парокандагии миллатро пешгирӣ намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилии мамлакат, инчунин мавқеи байналмиллалӣ ва сиёсати хориҷии кишварро муайян намуд, барои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои ҷаҳон роҳ кушод, қонунгузории ҷумҳуриро устувор намуда дар рушди он замина гузошт.

Қадриддин Сӯфиев, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top