Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 33 сол қабл дар қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди муҳимми таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳилаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.
Ба ёд овардани ин санаи таърихӣ, ки, воқеан, аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар як шахси солимфикри ҷомеа мебошад.
Дар ин ҳангом чандин вакилони халқ ва аъзоёни ҳукумат аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст гаравгон гирифта шуданд. Президент истеъфо дод.
Даврае буд, ки ба ояндаи нек касе умед надошт. Дар кишвар замони бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.
Маҳз аз ҳамии сабабҳо Иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор шуда натавонист. Ба ғайр аз ин, дар байни вакилон ҳам ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ набуд. Бо вуҷуди ин, халқ ба Иҷлосияи XVI, ба вакилони худ чашми умед дӯхта буд, бори дигар ба онҳо боварӣ намуда, водор сохт, ки вазъияти баамаломадаро танҳо бо роҳи қонунӣ ба эътидол оранд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ - сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.
Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки ин эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номусро меафзуд.
Яъне, солҳои 90-уми асри гузашта солҳое буданд, ки дар хотири ҳар як фарди тоҷик абадан нақш мебанданд. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки он рӯзҳои фоҷиабор халқи моро ба чӣ оварда расонид: Иқтисодиёти кишвар хароб гардид, чӣ қадар одамон ҷонашонро аз даст доданд ва чӣ қадар кӯдакон ятиму занон бесаробон монданд. Бар замми ин, чӣ қадар хонаҳо вайрону валангор гаштанд, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд.
Дар он марҳалаи барои миллат ва мамлакат ҳассос пешорӯйи сарварони он вазифаҳое меистоданд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини Ватан аз иҷрои бетаъхири онҳо вобаста буд. Бо ин мақсад тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст.
Аввалан, вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои Президенти мамлакат муваққатан дар байни раисони Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олӣ тақсим карда шуданд. Роҳбарии Шурои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шурои Олӣ гузошта шуд ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми Олии Иҷроия ва амрдиҳанда, асосан, барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.
Масъалаи ҷиддие, ки бояд бетаъхир ҳаллу фасли хешро пайдо мекард, ҳамоно, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳия ва ҳатто вилоятҳо қариб аз байн рафта, идораи корҳо ва, умуман, тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.
Масъалаи муҳимтарини дигар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд.
Масъалаи навбатӣ, ки ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии cap задани ҷанги шаҳрвандӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани Артиши миллӣ буд, ҳол он ки Артиш яке аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад.
Вале то интиҳои соли 1992 дар Тоҷикистони тозаистиқлол Артиши миллӣ низоми ягонаи тобеият надошт. Ҳатто дар он шабу рӯзҳои баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ амал карда, итоати ягона надоштанд.
Масъалаи панҷум, ки бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирифт, таъмини пешомади рушди иқтисодиёт, умедвору дилпур кардани халқ ба ояндаи неки кишвар маҳсуб меёфт. Аз ин лиҳоз, ягона роҳи раҳидан аз мушкилоти иқтисодӣ боздоштани пастравии истеҳсолот, рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ буд.
Хуллас, Иқлосияи XVI Шурои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвораи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд.
Шавкат Ҷумъазода, муаллими калони кафедраи андоз ва андозбандӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 