ИҶЛОСИЯИ НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2025

Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони санаи сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки он дар ҳаёти кишвар гузариши куллиро ба вуҷуд овард.

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Муҳимтарин ва арзишмандтарин ҳодисаи таърихӣ барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун оғози хушбахтию саодатмандӣ ин баргузории Иҷлосияи XVI Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро, дар ин ҳаводиси бузурги таърихӣ аввалин заминаҳои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ташаккулу рушдёбии давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо номи Иҷлосияи наҷотбахши миллат машҳур аст, яке аз рӯйдодҳои таърихӣ ва сарнавиштсози давлати тоҷикон ба ҳисоб меравад, зеро он воқеан ҳам, халқи тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандашавии кишвар наҷот дод.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ, Тоҷикистон дар солҳои 1991–1992 ба як давраи бисёр мушкил дучор омад. Ҷанги шаҳрвандӣ, нооромиҳои сиёсӣ ва ихтилофи гурӯҳҳо кишварро ба вартаи парокандагӣ кашиданд. Дар чунин шароити вазнин Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, наҷотбахши миллат гардид.

Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Ин интихоб барои сарнавишти давлат ва миллат аҳаммияти бузург дошт, зеро маҳз баъди он, кишвар тадриҷан ба роҳи сулҳ, ваҳдат ва бунёдкорӣ ворид гардид.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ заминаи сулҳи миллӣ, ташаккули сохторҳои давлатӣ, таҳияи Конститутсияи нав ва эҳёи зиндагии осоиштаро фароҳам овард. Бо ибтикори роҳбарияти нави кишвар сулҳи тоҷикон ба даст омад ва Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу сулҳпарвар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ наҷотбахши миллат ва саҳифаи тиллоии таърихи Тоҷикистон ном гирифт, зеро маҳз бо шарофати он роҳи сулҳу ваҳдат, давлатсозӣ ва пешрафти кишвар оғоз ёфта, ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ эътироф гардид.

Хуллас, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як рӯйдоди муҳимми сиёсӣ, балки рамзи ваҳдати миллӣ, ҳамбастагӣ ва хиради халқи тоҷик мебошад.

 

Нурия Назарбекова, муаллими калони кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top