Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳомии Конститутсияи мамлакат маҳсуб ёфта, тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб карда мешавад. Ниҳоди президентӣ дар кишвар яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ҳукумат, рамзи ваҳдату соҳибихтиёрии миллӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян намуда, барои таъмини рушди устувори кишвар, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ пайваста талош меварзанд.
Дар соли 1992 вақте, ки мамлакат ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронид, якпорчагии давлат ва ҳастии миллати тоҷик зери хатар қарор дошт, фарзонафарзанд ва номбардори миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ Роҳбари давлат интихоб гардиданд.
Замоне, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб гардиданд, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода мамлакатро аз вартаи нестшавӣ берун кашонида, беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд ва мардуми парешонро сарҷамъ намуданд.
Миллати тоҷик корнамоиҳои Президенти хешро дида, дар дили худ меҳру муҳаббатро парвариш менамуданд, дар паҳлӯи роҳбари ҷавону донишманд рост буданд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ менамуданд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат ба шумор меравад.
Пешвои миллат баъд аз хомӯш гардинаи оташи ҷанг тамоми шароиту имкониятҳоро барои таҳкими ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва пояҳои давлат муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро фароҳам сохтанд ва барои эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.
Марҳила ба марҳила бо роҳи таъмин намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамчунин, барои гузаштан ба марҳалаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаи боэътимод дар мамлакат гузоштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барқарорсозӣ ва ба даст овардани истиқлолият бо 184 мамлакати ҷаҳон муносибатҳои дипломатии хешро барқарор намуд. Ба созмону институтҳои байналмилалӣ шомил гардиданро оғоз намуда, бо аксари кишварҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд.
Хуллас, таҳти сарварии хирадмандона ва дурбинонаи фарзонафарзанд ва номбардори миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари биҳиштосои мо – Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати озоду обод, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаббускори ҳалли мушкилотҳои умумибашарӣ шинохта ва эътироф шудааст.
Рустамзода Фитрат Музаффар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 