Дар таърихи навини тоҷикон яке аз санаҳои бузурги таърихӣ ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он аз 16.11.1992 то 2.12.1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд бо мақсади барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар, хотима додани ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию сиёсии давлат, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ доир гардид.
Дар Иҷлосия аз 230 нафар вакили халқ 193 нафар иштирок доштанд ва дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 муроҷиатнома қабул карданд.
Барои халқ, ҳукумат ва давлати мо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузурги сиёсӣ - таърихӣ дошта, он ҷомеаро аз муқовимати сиёсии фоҷиабор, аз ҷанги таҳмилии бародаркуш, аз оворагиву дарбадарӣ наҷот дод.
Тақдири давлату миллат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.
Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар ин Иҷлосия муҳокима карда шуданд, ин тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар мамлакат буд.
Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буданд «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Дар Иҷлосия ҳукумати нав таъсис ёфт, ки таҳти Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги дохилиро хомӯш намояд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши Миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис дода, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад. Хушбахтона, давлат ва миллати мо дар ҳассостарин лаҳзаи таърихӣ роҳбари хирадманд ва ҷонфидои худро пайдо намуд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худро муҳофизат ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин карда наметавонад, аслан арзише надорад.
Дар як муддати кӯтоҳ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон дода шуданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар гардиданд. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шурӯъ намуданд ва барои мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии кишвар чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба амал овард. Мамлакати азияткашида аз гирдоби ҷанги пурдаҳшати бародаркуш халос шуда, ба роҳи осоиштаи зиндагӣ ва бунёдкорӣ қадам ниҳод, пешрафт ва инкишофи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеаро дар мадди аввал гузошта, барои амалӣ намудани ин иқдомҳо диққати махсус дод.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама, ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд».
Хуллас, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ барои миллати тоҷик Иҷлосияи таърихӣ, тақдирсоз ва наҷотбахш буд, зеро он халқи тоҷикро аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, тақдири истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намуд ва барои пойдории ваҳдати миллӣ, истиқрори сулҳ дар сарзамини бостониамон, амалӣ намудани ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҳусенов Бойалӣ Алиевич, н.и.п. дотсент, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 