НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Бинанда: 18 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2025

Тоҷикон яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Баъди таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё намудани давлати миллӣ шуруъ намуд. Дар таърихи беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик Истиқлолият дастоварди беназир маҳсуб меёбад. Аммо аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолият Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоӣ бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.

Гузаштаи таърихии ин миллат борҳо нишон додааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нестӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд. Барои исботи ин андеша ҳуҷуми ақвоми аҷнабӣ ба ин сарзамин ба монандӣ: юриши юнону мақдуниҳо (а. IV п.м.), арабҳо (а. VII-VIII п.м), қабилаҳои туркнажоди қарахонӣ, ғазнавӣ, салҷуқӣ (а. X-XII), муғулҳо (а. XIII), кӯчиёни шайбонӣ ва аштархонӣ (а. XVI-XVIII), манғитҳо (а. XVIII – ибтидои асри XX) ҳамзамон, мустамликадории Россияи подшоҳӣ (нимаи дуюми асри XIX – то ибтидои асри XX)-ро метавон пеши назар овард. Аммо дар ҳамаи ин марҳилаҳои ҳассосу ҷонгудоз миллати мо, бо хиради баланду хислати созандаи хеш ва бо фарзандони далеру шуҷои худ тавонистанд, ки аз худу ҳувияти миллии худ дифоъ намоянд.

Тавре ки кишваршиноси рус Н.Г. Павлов дар китоби «История Туркестана» менависад: «Мо акнун шоҳиди эҳёи ин миллати ҷонсахт, боистеъдод, яъне тоҷик ҳастем. Аз рӯи ақлу дониш бояд гуфт, ки тоҷикон то кунун халқи аз ҳама азияткашидаанд, миллатҳои хеле кам мисли тоҷикон ба ин зарбаҳои сахт дучор омадаанд, аммо қадре вақт кифоя буд, ки онҳо боз ҷон бигиранд». Дар ин росто зикри номи як зумра симоҳои барҷастаи халқи тоҷик, ки барои давлату давлатдорӣ ва нигоҳдории забони тоҷик мубориза бурдаанд аз қабили Куруши Кабир, Спитамен, Ардашери Бобакон, Анушервони Одил, Абӯмуслим, Яъқуби Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, С.Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон ба маврид аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи солҳои 90-ум истиқлолияти нави хешро ба даст овард. 9-уми сентябри соли 1991 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки аз пайдоиши давлати нави соҳибихтиёр дар арсаи ҷаҳонӣ шаҳодат дод. Барои ҳамин ҳам, сарфи назар аз вазъи мураккаби дохилӣ, бо кӯшиш ва ҷаҳду талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон манфиатҳои миллии худ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷиашро дуруст муайян намуд.

Барои ҳифзи миллат аз хатари парокандашавӣ ва бо мақсади аз байн бурдани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили маҳалгароӣ ва бегонапарастӣ, ки омилҳои бевоситаи заифкунандаи пояҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошанд, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли масъалаҳои зеринро ҳамчун омил ва заминаҳои пойдор намудани давлати соҳибистиқлол таъкид кардаанд:

якум, муттаҳидшавии миллат, пойдор намудани ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва таҳкими иқтидори давлати миллии соҳибистиқлол, сулҳпарвар, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ;

дуюм, дар заминаи ваҳдати миллат, муҳаббат ба Ватан, забон, илму адабиёту фарҳанг ва тафаккури миллӣ бедор намудани ҳисси худшиносию ифтихори миллӣ;

сеюм, таҳти парчами Ватан ва ғояҳои ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сарҷамъ омадани ҳамаи ҳизбу созмонҳо ва ташкилотҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, дар доираи қонун бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал намудани ҳамаи ихтилофоти бамиёномада;

чорум, ҳифз намудани боигариҳои моддӣ ва маънавии миллат, бузургдошт ва қадршиносии ашхосе, ки дар ҷодаи ваҳдати миллат, худшиносию ифтихори миллӣ, муттаҳидии мардуми Тоҷикистон хизматҳои арзанда кардаанд.

Расидан ба ин неъмати гаронарзиш таърихан халқи тоҷик ҷафоҳои зиёдеро пушти сар намуд, аммо дар он замон зоҳиран хеле осон ба даст омад. Агар дар он айём истиқлолият осон ба даст оварда шуда бошад, пас ҳифзу нигоҳдошти он дар солҳои минбаъда мушкилиҳои вазнинеро пеш овард. Дар паи талоши бемантиқонаи афроди алоҳида барои ба даст овардани молу мансаб ҷомеа мубталои ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Хатари парокандашавии миллат, забон ва суқути давлатдории он баръало дар ҷомеа эҳсос мегардид. Неруҳои марказгурезу манфиатхоҳ таҳти шиорҳои авомфиребонаи хеш бо мақсади амалӣ сохтани ниятҳои нопоки худ бо ҳам дар муқовимат буданд. Ҳатто бархе аз чунин гурӯҳҳо дар иртибот бо қувваҳои хориҷии манфиатхоҳ дар паи тақсиму нобудкунии давлати навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Махсусан ҳодисаҳое, ки дар соли 1992 ба вуҷуд омаданд, ифшогари муаммоҳои дар боло зикршуда мебошанд.

Дар чунин айёми нооромиҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992) баргузор гардид. Дар ин анҷумани таърихӣ, хушбахтона, ақли закию хиради воло ғалаба намуд, ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Аз ибтидо аз суханронию фаъолияти пурсамари Сарвари давлат маълум буд, ки ин шахс инсони шарифест ки сухану кораш як аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин бо суҳбатҳою мулоқотҳояш бо мардум онҳоро аз дилшикастагию озурдахотирӣ, яъне аз торикию зулмот ба нуру созандагӣ ҳидоят менамуданд. Мулоқотҳои Сарвари давлат дар он солҳо як умеде ё як шуълае аз ояндаи нек дар замири мардум ба вуҷуд меовард.

Ҳамзамон, дар аввалин муроҷиатномаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар гуфта буданд, ки «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам».

Аз ин гуфтаҳо ба таври возеҳу равшан бармеояд, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал ба хубӣ ин масъулият, яъне масъулияти роҳбариро хуб дарк намуда, хизмат барои миллату давлатро қарзи виҷдонии худ мешумориданд. Дар ин радиф файласуфи Чини қадим Конфутсий гуфтааст ки: «Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд ва бадон ба хотири рутба ва мақом».

Аз он рӯзҳо 33 сол сипарӣ шуд. Таҷрибаи солҳои минбаъда нишон дод, ки ин марди шариф бо талошҳои созандаи хеш тавонистанд ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро бо ваҳдати миллӣ мубаддал созанд. 27-уми июни соли 1997 баъди талошҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллат мо ба сулҳу ваҳдат расидем. Ҳар фарди соҳибхирад имрӯз хуб дарк мекунад, ки Тоҷикистони мо таи ин муддат бо роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар тараққиёти ҳама соҳаҳо муваффақ гаштааст. Аввалан, нурафшонии хуршеди оромиву осоиш ва баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан ва парвози кабутари сулҳу ваҳдат дар фазои хонадони ҳар як сокини мамлакат хизмати арзандае ба ҳисоб меравад. Аксари муҳаққиқони илми таъриху сиёсатшиносӣ ба ин назаранд, ки таъмини сулҳу ваҳдат дар кишвар бузургтарин ва бебаҳотарин хизмати Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор додаанд. Дар замони муосир ҷомеае метавонад пояҳои давлатдории хешро қавӣ созад, ки сатҳи дониш ва ҳисси худогоҳию худшиносии миллиаш баланд бошад. Табиист, ки омили асосии баланд бардоштани худшиносии миллӣ мактаб буда, он аз сатҳи донишу ҷаҳонбинии мардум вобаста аст. Бо дарки ин нукта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои роҳбарии худ соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки давлату ҳукумат эълон намуда, пайваста барои рушди соҳа ғамхориҳо зоҳир менамоянд.

Қабули қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва солҳои минбаъда, таҳия ва қабули дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ташкили таълимгоҳҳои типи нав, зиёд намудани муассисаҳои таълимӣ, афзудани бинои кӯдакистону марказҳои донишандӯзӣ ва касбазхудкунӣ, ташкили даҳҳо донишгоҳу донишкадаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, давра ба давра афзудани сатҳи маоши кормандони соҳа ва ғайра гувоҳи гуфтаҳои болоянд.

Як нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи тоҷикон яке аз роҳбароне мебошанд, ки беҳтарин хислатҳои роҳбариро дар вуҷуди худ парваридаанд. Пешвои миллат чӣ дар рӯзҳои ғаму дарднок ва чӣ дар рӯзҳои шодию нишот ҳамеша бо мардум буданд ва ҳастанд.

Кору амали Пешвои муаззами миллат як мактаби бузурги ватанпарварӣ, ҷавонмардӣ, таҳаммулгароӣ, далерӣ, ватандорӣ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки номи ин абармарди миллат дар таърихи халқи тоҷик бо некӣ абадӣ хоҳад монд. Вуҷуди чунин абармардон дар таърихи ҳар қавму миллат боиси ифтихори он халқ аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат яке аз шахсиятҳои намоёнтарини таърихи тоҷикон мебошанд.

 

Сабзазор Мамадакимова, муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top