МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН

Бинанда: 13 | Санаи нашр: 10 Ноябр 2025

Ман аввал тоҷикам - фарзанди миллати кӯҳанбунёд, ки таърихаш бо фарҳанг, забон ва хирад дар ҷаҳони муттамаддин маъруф мебошад. Дар ҳақиқат тоҷик будан барои мо танҳо насаб ё забон нест, балки ин маънои доштани реша, асолат ва ҳувияти миллӣ аст. Миллати бузурги тоҷик пеш аз он ки дини мубини Исломро қабул намояд, соҳиби тамаддуни бузурги ориёӣ буд, яъне бо ахлоқи неки инсонӣ, илм, ҳунар ва одоби зебои зиндагӣ маъруф буд.

Исломро миллати мо бо фарҳанги тоҷикӣ ҳамроҳ намуда, дар тули таърихи беш аз 1400 - сола онро ғанӣ гардонид. Мо Исломро бо хирад ва фарҳанги худ пазируфтем, байни тоҷикон ранги хоси тоҷикӣ гирифт, чунки ин дини пок, меҳрубонӣ, эҳтиром ба зан, илм ва меҳнатро аз ҷумлаи арзишҳои инсонӣ баҳои воқеӣ додааст.

Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки миллат ва дин ду сутуни устуворанд, ки якдигарро пурра ва қавӣ мегардонанд. Агар динро аз фарҳанги худ ҷудо кунем, рӯҳи онро аз маъно холӣ месозем.

Аз ин рӯ, вақте мегӯям «ман аввал тоҷикам», ин маънои инкор намудани дини Ислом нест албатта, балки таъкид бар он аст, ки ман дини худро ҳамчун тоҷик эътироф менамоям, бо забон, фарҳанг ва ахлоқи тоҷиконаам. Ман мехоҳам мусулмон бошам, вале бо чеҳраи тоҷикӣ - бо рӯҳи Рӯдакӣ, Сино, Хайём, Берунӣ, Хоразмӣ ва Бедил, ки бузургони миллати тоҷик буданд ва ин фарзандони миллат дар саросари ҷаҳон ҳамчун мутафаккирони тоҷик – мусалмон шинохта шудаанд.

Бояд қайд намуд, ки тоҷик будан ва мусалмон будан ҳеҷ зиддияте надоранд. Вале бояд бидонем, ки миллати куҳанбунёди мо танҳо бо нигоҳ доштани фарҳанг ва пос доштани забон ва ҳувияти худ метавонад дар ҷаҳони имрӯза бо сари баланд умр ба сар баранд.

Дар ин самт суханони фарзонафарзанди миллати тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хирадмандона буда, масъалаи ҳувияти миллӣ ва динии тоҷикон дар имрӯзу фардо бо фарҳанги башардӯстона иртиботи ногусастанӣ дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки сани 9-уми марти соли 2024 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз рӯ овардани баъзе занону бонувон ба расму ойини бегона, аз ҷумла тақлид ба либоспӯшии дигар миллатҳо, изҳори нигаронӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад… Дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос». 

«Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем? Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем? Чаро? Ана, душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангро, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад. Фаромӯш накунед мардум! Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегуям: Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусалмон»

Ин суханони олӣ бо чи шеваи ширини тоҷикӣ аз ҷониби Пешвои миллат садо додааст. Фикр дорам, ки ҳар як шахси миллатдӯст, меҳандӯсту бофарҳанги тоҷик бояд ин суханҳои волоро сармашқи кору пайкору зиндагии ҳамарӯзаи худ гардонанд. Бо гузоштани саҳми кӯчаки худ дар самти дину фарҳанг, мо на танҳо худамон, балки насли ояндаро низ бо арзишҳои маънавӣ ва фарҳангӣ садсолаҳои минбаъда мустаҳкам месозем.

Дар тули таърих миллати тоҷик тавонист, ки таввасути заҳмату талошҳои фарзандони бофарҳангу хирадманд ва далеру шуҷоъ асарҳои зиёди илмӣ эҷод намоянд. Ҳамзамон, далерию шуҷоат ва муқаддас будани марзу бумро ба наслҳои оянда омӯзонад, ки имрӯз бо талошҳои пайвастаи онҳо, мо миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ барои насли замони муосир муаррифӣ менамоем.

Ҳамин аст, ки имрӯз вақте сухан аз Тоҷикистон меравад, пеши рӯ фарзандони фарзонаи ин миллат намоён мегарданд ва вақте сухан аз бузургони илму адаб, қаҳрамонони халқи тоҷик ва сиёсатмадорони номдор меравад, пеши рӯ ҳамоно Тоҷикистони азиз ҷилвагар мегардад.

 

Ҳалимов Лоиқ Мирзовалиевич, н.и.и., дотсент,мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top