Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, кишвар ба марҳалаи нави таърихии рушд ворид гардид. Дар ин давра ба зиммаи роҳбарияти давлат вазифаҳои ниҳоят муҳимме гузошта шуданд: барқарор кардани сулҳу субот, таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум. Дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.
Дар солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон давраи душвори ҷанги шаҳрвандиро паси сар кард. Маҳз бо талош ва иродаи қавии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ дар мамлакат барқарор гардид. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки соли 1997 имзо шуд, ба ҳаёти мардум оромӣ ва ба давлат имкони рушди устувор фароҳам овард.
Бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави таърихи Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба рушд бахшидани иқтисодиёти кишвари азизамон оғоз намоем.
Аз ҳамин сабаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат шинохта мешаванд. Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории навини Тоҷикистон ворид гаштааст.
Соли 2009 бо ташаббус ва пешниҳоди бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардида, дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалӣ доир шуд, ки ҳадафи он баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, муаррифии шахсияти Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ва мазҳаби ҳанафӣ буда, он аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат дар яке аз баромадҳояшон иброз доштанд, ки “...ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикам баъдан мусалмон”. Ин гуфтаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва дини тоҷикон аст. Ин шиори Пешвои миллат шаҳодат медиҳад, ки гурӯҳҳои ифротгаро дини мубини исломро ҳамчун абзори сиёсӣ истифода мебаранд ва хоҳиши ҷудо кардани тоҷикон аз решаҳои таърихӣ ва фарҳангиро доранд.
Бе муболиға, барои ба даст овардани ваҳдат ва сулҳу оромӣ дар кишвари азизамон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа буда, шоёни таҳким ва ифтихори халқ мебошад. Ҷаноби олӣ ба хатарҳову нооромиҳои вақт нигоҳ накарда, ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон сафар намуда, бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолиф мулоқотҳо доир намуданд. Инчунин сафарҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Русия намуданд. Ҳамаи ин талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки имрӯз мо дар як кишвари ором ва обод умр ба сар мебарем.
Зери роҳбарии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир иқтисоди кишвар рушду тараққӣ ёфт. Бунёди садҳо корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳои барқии обӣ - аз ҷумла НБО “Роғун”, роҳҳои мошингард ва нақбҳои муҳимми ҷумҳуриявӣ, шаҳру деҳоти навсозишуда - ҳама далели сиёсати дуруст ва дурбинонаи роҳбарияти давлат мебошанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ низ пешрафтҳои назаррас ба назар мерасад: соҳаи маориф ва тандурустӣ рушд ёфта, мактабҳо, донишгоҳҳо, беморхонаҳо ва марказҳои нави муосир бунёд шуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди сиёсати хориҷӣ саҳми арзишманд гузошта, онро мутавозин ва дӯстона пеш мебаранд. Тоҷикистон имрӯз бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дорад ва дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ, ИДМ ва СААД фаъолона иштирок мекунад.
Пешвои миллат Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ, аз ҷумла мушкилоти об ва экология, муаррифӣ карда, тавонистанд кишварро аз вартаи ҷанг ба сӯи сулҳ, субот ва пешрафт баранд. Таҳти роҳбарии дурбинона ва оқилонаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрӯз роҳи устувори рушдро пеш гирифта, ба сӯи ояндаи обод ва шукуфон қадам мегузорад.
Мо мардуми тоҷик бояд ифтихор дошта бошем, ки халқу миллати мо таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар ва созанда аст. Сулҳдӯстии мо дар тӯли тамоми таърихи чандинҳазорсолаамон нишондиҳандаи ақлу хирад ва сабру таҳаммули гузаштагонамон аст, ки ин далели қотеи фарҳанги қадима ва суннатҳои созандагии миллати мост ва мо ҷавонон инро бояд омӯзем, дар сиришти худ ҷой диҳем ва дар зиндагии ҳамарӯзаамон истифода намоем.
Чигунае ки мо мебинем, дар ҷаҳони имрӯза давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҷавонон ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем.
Раҷабзода Олимхон Ҷурахон, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 