16-уми ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон хеле азизу гиромист. Зеро дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, шакли идории мамлакат ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти маҳбубамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, шаҳру деҳоти мамлакат симои худро ба куллӣ тағйир додаанд. Арзи ҳастӣ намудани садҳо корхонаю муассисаҳо ва сохтмонҳои азим, аз ҷумла неругоҳҳо, нақбҳо, роҳҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ далели ин гуфтаҳо буда, аз ҷаҳду талошҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, башорат медиҳад.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи маориф, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Зиёд намудани маблағгузории соҳаи маориф, давра ба давра баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон, стипендияҳо ва нафақаҳои шаҳрвандон, ки пайваста амалӣ мегарданд, аз беҳтар гардидани шароити зист ва боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои баёнгардида Рӯзи Президенти мамлакат ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи таърихӣ дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти Конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ саҳми арзишманд гузошта, миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестшавӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои шоён намудаанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни пурифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи маҳбуби дилҳо - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Исмоилзода Фирӯз Маҳмадалӣ, доктор PhD, дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 