КОНСТИТУТСИЯ - ГУВОҲНОМАИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Бинанда: 16 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони кишвар яке аз рӯзҳои хотирмон ва муқаддас ба ҳисоб рафта, он ҳамасола дар кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Конститутсия ин пеш аз ҳама ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсӣ ба ҷамъиятро танзим менамояд.

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро муайян мекунад. Дар таърихи башарият маҳз Конститутсияҳо сарчашмаи дигаргунии куллӣ ва пешрафти ҷамъият гаштаанд.

Нақши таърихии конститутсия, пеш аз ҳама дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳахои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Чихеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳукуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ намудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-ноябри соли 1994 қабул гардид дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, бо шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуки муносибатҳои байналмиллалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва  фарҳангӣ шинохтаанд.

Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.

 

Болтуева Шаҳнозахон Самадовна, омӯзгори кафедраи ҳуқуки тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top