Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ буда, арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардидааст.
Қайд бояд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 4 маротиба Конститутсия қабул карда шуда буданд, ки онҳо моҳият, мақсаду мароми ҳамон сохти ҷамъиятиро инъикос ва Тоҷикистонро ҳамчун узви федератсияи шуравӣ ба сифати ҷумҳурии иттифоқӣ муайян мекарданд. Аммо баъди соҳибистиклол гардидани Точикистон зарур буд, ки Конститутсияи нав таҳия ва қабул карда шавад, зеро меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда ба воқеияти бавуҷудомада мутобиқат намекард.
Ҳарчанд ба ин санад ҳангоми эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда бошанд ҳам, моҳият, рӯҳ, қолаб, сохтор ва тарзи ифодаи меъёрҳои он хоси замони шӯравӣ буданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ давлати наву мустақили Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои ҳуқуқии замони гузашта ба фаъолият шурӯъ кард ва дере нагузашта маълум гашт, ки қолаби кӯҳна ба ҷисми нав мувофиқ нест».
Дигар ин ки зарур буд, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун масъалаи бунёдӣ ва масъалаҳои дигари калидии ҷомеа - соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягонагии давлат, соҳибихтиёрии халқ, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Конститутсия ифода гарданд ва роҳи рушди минбаъда, мақсаду вазифаҳо, арзишҳои асосӣ ва тарзу воситаҳои барпо кардани ҷомеа дар қонуни асосӣ муайяну мушаххас шаванд.
Воқеан, Конститутсияе, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар буда, ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд.
Ба Конститутсия 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо пеш аз ҳама барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мусоидат карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Эҳёгари Тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониашон иброз доштанд, ки “муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ хизмат менамоянд”.
Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро дахлнопазир эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Демократия барои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд.
Ҳамин тариқ бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси баланди ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бо нангу номуси Тоҷикистони азиз нерӯи тоза мебахшад.
Абдуллоев Зафарҷон Асҳобович, н.и.и., муаллими калони кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 