КОНСТИТУТСИЯ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 05 Ноябр 2025

Дар саргаҳи мактаби давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаи тамаддуни башарӣ дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассум ёфтааст.

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-юмин солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад.

Конститутсия - ин қонуни асосии ҳар як давлат аст, ки пояи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро муайян менамояд. Бе Конститутсия давлат наметавонад фаъолияти мутобиқ, устувор ва қонунманд дошта бошад. Аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияро санади муҳимми давлатдорӣ меноманд, зеро он роҳнамои тамоми мақомоти ҳокимият ва шаҳрвандон дар сохтмони давлат мебошад.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6-уми ноябри соли 1994 ҳамчун Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Аз он рӯз инҷониб, Конститутсия ҳамчун рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқбунёдии давлати тоҷикон хизмат мекунад.

Калимаи “Конститутсия” аз лотинӣ гирифта шуда, маънояш “бунёд кардан” ё “муқаррар намудан” аст. Маҳз Конститутсия асоси сохтори давлатро муқаррар намуда, муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандонро танзим мекунад.

Аҳаммияти Конститутсия дар он аст, ки:

  1. Меъёрҳои асосии ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқиро муайян мекунад;
  1. Ҳокимияти давлатиро ба се шоха (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) ҷудо месозад;
  2. Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳад;
  3. Фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро ба низом медарорад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри соли 1991), зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Ин санади муҳим пас аз муҳокимаҳои васеъ ва иштироки мардуми кишвар дар 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

Аз ҳамон вақт то имрӯз, ба Конститутсия се маротиба (солҳои 1999, 2003 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки барои такмил ва рушди низоми демократӣ ва давлатдории ҳуқуқбунёд замина фароҳам оварданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. Дар он масъалаҳои муҳимтарин инъикоси худро ёфтаанд, ба мисли:

  1. Асосҳои сохтори давлат;
  1. Рамзҳои давлатӣ (парчам, нишон, суруди миллӣ);
  2. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  3. Низоми мақомоти давлатӣ;
  4. Президент;
  5. Маҷлиси миллӣ;
  6. Маҷлиси намояндагон;
  7. Ҳукумат;
  8.  Судҳо;
  9.  Асосҳои худидоракунии маҳаллӣ.

Тартиби ворид намудани тағйирот ба Конститутсия мухтасар ва возеҳ ифода ёфтаанд.

Конститутсия ба давлат имкон медиҳад, ки фаъолияти худ ва муносибатҳои байни шаҳрвандонро бар пояи қонун ва адолат ташкил намояд. Он ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд ва ба қонун содиқ бошад.

Бо шарофати Конститутсия, Тоҷикистон тавонист:

  1. Сохтори давлатдориро устувор созад;
  1. Ваҳдати миллӣ ва сулҳро нигоҳ дорад;
  2. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми демократиро рушд диҳад.

         Конститутсия воқеан санади муҳимми давлатдорӣ мебошад, зеро он пояи тамоми низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии мамлакатро ташкил медиҳад. Он на танҳо қонун, балки рамзи ваҳдат, истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандон дар назди Ватан аст.

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд Конститутсияро омӯзад, эҳтиром намояд ва ба иҷрои он содиқ бошад, зеро иҷрои Конститутсия - кафолати субот, пешрафт ва адолати иҷтимоии ҷомеа мебошад.

 

Алимов Комилҷон Касирович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top