КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ОЛИИ ТАЪМИНКУНАНДАИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ШАҲРВАНДОН

Бинанда: 32 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2025

Ҳанӯз соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон устувории ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯро эътироф намуда, муқаррар намуда, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард.

Ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод.

Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2024 иброз доштанд, “...соҳибихтиёр гардидани Тоҷикистон зарурати дар сатҳи Конститутсия ба расмият даровардани давлатдории миллӣ, муайян намудани шаклу сохтори он, арзишҳои бунёдии ҷомеа, аз ҷумла мақоми шахс ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, инчунин асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии давлат ва арзишу принсипҳои ҷомеаи демократиро ба миён гузошт”.

Маҳз истиқлоли давлатӣ ҳамчун арзишмандтарину муқаддастарин неъмати зиндагии халқи Тоҷикистон ба қабули Конститутсияи соли 1994 замина гузошт.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, яъне дар ибтидои соҳибистиқлолӣ Конститутсияи амалкунанда ва қонунҳо поймол шуда, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ фалаҷ ва дар кишвар беҳокимиятиву бенизомӣ ҳукмфармо гардида буд.

Дар муддати як сол таҳти фишори гурӯҳу доираҳои манфиатхоҳ ду Президент ва панҷ Ҳукумат ба истеъфо рафт ва ин раванд боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

Дар он марҳалаи тақдирсоз барои ба эътидол овардани вазъият, таъмин намудани суботи ҷомеа ва расидан ба ризоияту ваҳдати миллӣ зарур буд, ки сохти конститутсиониро барқарор сохта, қонунияту тартибот таъмин карда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шавад.

Амалисозии ин вазифаи душвору мураккаб танҳо баъди Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ оғоз гардид.

“Дар масъалаи муайян намудани сохти давлатдории Тоҷикистон ман мақсади худро ҷиҳати барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар он иҷлосияи таърихӣ бо қатъият эълон кардам, зеро ин мақсаду мароми мардуми Тоҷикистон буд ва солҳои сипаришуда дурустии роҳи интихобкардаи моро собит намуданд”.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки ин санади муқаддаси давлати соҳибихтиёр истиқлолу озодии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, шакли идораи давлатро муайян намуд.

Конститутсия, ҳамчунин, барои ташкил ва таҳкими низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва омили таъминкунандаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ гардид.

Ин санади таърихӣ, инчунин, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву фарҳангии ҷомеа ва давлати Тоҷикистонро муайян намуда, низоми мукаммали ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар кард ва механизми амалигардонии онҳоро кафолат дод.

Бо гузашти сиву як аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯйи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.

Яъне, бунёди ҷомеаи муосири озоду демократӣ, дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон, рушди бонизому устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ба мо маҳз дар натиҷаи татбиқи бомароми меъёру муқаррароти Конститутсия муяссар гардид», - қайд намуданд Сарвари давлат.

Ба ибораи дигар, ҳангоми таҳияи Конститутсия роҳбарияти сиёсии мамлакат дар навбати аввал меъёрҳоеро ба назар гирифтанд, ки метавонанд манфиатҳои миллии ҷомеаи нави Тоҷикистонро дар ҳама гуна вазъияти душвор инъикос намоянд, инчунин истиқлолият ва ваҳдати конститутсиониро амалӣ намоянд. Дигар масъалаҳои муҳим низ бояд ба ворид шудани Тоҷикистон ба арсаи сиёсии ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ва субъекти комилҳуқуқ мусоидат мекарданд.

Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд.

Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба – 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи итоату риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва дӯст доштани аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони ҷаҳон қарор дорад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаашон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.

 

Дустматов Баҳодур Муродович, мудири кафедраи молияи ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top