КОНСТИТУТСИЯ - ИБТИКОРОТИ ДАВЛАТСОЗИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Бинанда: 29 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2025

Дар саргаҳи ибтикороти давлатсозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт, ки бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифта, дар он таҷрибаву андӯхтаҳои тамаддуни инсоният дар робита ба озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷассуми равшан пайдо намуда, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамои як давлати соҳибҳуқуқ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд.

Истиқрори ҳокимияти конститутсионӣ ва тағйиру иловаҳои бунёдӣ, ки ба дунболи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падид омаданд, дар низоми қонунгузорӣ ва мақому мавқеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари комилҳуқуқ эътироф гардид, давраи комилан наверо ба миён овард. Таҳия ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар меҳвари пайомадҳои ин марҳалаи нав қарор дошт.

Кӯшишҳои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистон дар аввали солҳои навадум шурӯъ гардид, аммо ташаккули ғояи меҳварӣ ва ҷараёни пайрезии он то марҳалаи ниҳоии таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз мантиқан натиҷаи амалӣ гардидани назария ва тадбирҳои мушаххаси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳоти конститутсионӣ мебошад.

Қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси дохил кардани тағйиру иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар солҳои 1990-1991 аз ҷумлаи омилҳое буданд, ки раванди қабули Қонуни асосиро суръат бахшиданд.

Вале кӯшиши воқеан ҷиддӣ ва ҳадафманди таҳияи Лоиҳаи Конститутсия баъд аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истиқрори сохти конститутсионӣ ва таъсиси мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ дар кишвар оғоз шуд. Иҷлосияи мазкур ҳайати нави Комиссияи конститутсиониро бо роҳбарии Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри аҳаммият ва зарурати ҳамоҳангсозии низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба равиши судманди ислоҳоти конститусионии Тоҷикистон асос гузоштанд, ки яке аз заминаҳои бисёр муҳимми истиқболи ҷаҳонии кишвари мо гардидааст.

Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бори нахуст 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабули Конститутсия баргузор гардид. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ хеле муассир буд ва беш аз 87 фоизи шаҳрвандон лоиҳаро ҷонибдорӣ намуда, сарнавишти худро мутобиқи он муайян карданд.

Ин истиқболи мардум аз лоиҳаи Конститутсия ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти кишвар, ки дар ҳамин рӯз ба вуқӯъ пайваст, далели қотеи дастгирии ҳамаҷонибаи якдилонаи умумихалқии ислоҳоти конститутсионӣ, ҳадафу барнома ва дурнамои сиёсати дохиливу хориҷии башардӯстонаи Сарвари мамлакат мебошад.

Дар фосилаи камтар аз 5 сол, ки баъди қабули Конститутсия сипарӣ шуд, бо таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷомеа таҳаввулот ва пешрафтҳои зиёди ба назар намоён ба вуҷуд омаданд. Пайвастани Тоҷикистони тозаистиқлол ба равандҳои бунёдгузори ҷаҳони муосир, ҳамкорӣ ва робитаи мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳо ва эътирофи конунҳои байналмилалӣ зарурати ҳамоҳангӣ ва тавсеаи уфуқҳои ҳуқуқии низоми қонунгузории мамлакатро дар паҳнои расидагӣ бо ин вусъати мақоми ҷаҳонӣ тақозо мекард.

Пас аз се соли қабули Конститутсия бо талошҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу ваҳдат комилан барқарор карда шуд, кишвар дар ҳама бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба давраи сифатан нави пешрафту таҳаввул ворид гардид.

Чунонки таҷрибаи таърих нишон медиҳад, Конститутсия санадест зодаи шароит ва муносибатҳои муайяни ҷамъиятӣ, ки дар худ таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоиро бо маҳфуз доштани аслҳои бунёдии хеш таҷассум менамояд.

Бо дарназардошти мустаҳкам гардидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлату давлатдории тоҷикон ба Конститутсия бо се раъйпурсии умумихалқӣ се ислоҳоти конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003, 2016) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд, ки минбаъд барои рушди устувор ва гулгулшукуфоии кишвари азизамон заминаи мустаҳкам гузошт.  

 

 

Додарбеков Саъдӣ Амирбекович, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top