Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик санаи тақдирсози миллат маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва имсол аз қабули он 31 сол пур мешавад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ эътироф гардидааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз 5 маротиба: солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул карда шудааст. Конститутсияи нахустини даврони соҳибистиқлолӣ (1994) аз конститутсияҳои замони шуравӣ куллан фарқ дошта, меъёрҳои он ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад». Ин санад дар таърих ба унвони Конститутсия эҷод гардид ва то имрӯз ҳамчун санади асосӣ шинохта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки сатҳу сифати зиндагии халқ боз ҳам баландтар гардида, ватани маҳбубамон ободтару зеботар гардад. Тавре ки Сарвари давлат дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд «... мо азму талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи конститутсияро риоя кунанд. Ҳангоми риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян карда шудааст.
Мутобиқи конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми арзишҳои миллӣ, расму оинҳо дар раванди пуртаззоди ҷаҳонишавӣ омили воқеии пойдорӣ ва таҳкими истиқлолият арзёбӣ шуд.
Дар боби 2-юми моддаи 14 Конститутсия дар бораи ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд гуфта шудааст ки: ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки 31 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни муқаддас ва таърихии миллати тоҷик ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдату ягонагӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар фарди бонангу номус мусоидат менамояд.
Раҷабзода Олимхон Ҷӯрахон, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДДТТ
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 