КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

Бинанда: 43 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2025

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – санади муҳимми сиёсӣ, қонуни асосии давлат буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад. Меъёрҳои он дар қаламрави ҷумҳурӣ мустақиман амал намуда, қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Конститутсия ҳуҷҷати муҳимми таърихӣ буда, муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамеша сарчашмаи асосии пешрафти ҷомеа ва таҷассумгари сохтори давлат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки дар таърихи навини давлатдории тоҷикон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дуюмин рӯйдоди муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ, ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба ҳисоб меравад.

Бо қабули Конститутсияи соҳибистиқлол, Тоҷикистонро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми сулҳпарвар ва фарҳангӣ дар арсаи ҷаҳон шинохтанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сарчашмаи асосии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, ки дигар қонунҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, дар асоси он қабул мегарданд.

Дар натиҷаи таҳлил ва муқоиса оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон якчанд нуктаҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конститутсияҳои даврони шӯравии Тоҷикистон бартарӣ дорад, ки муҳимтарини онҳоро метавон номбар намуд:

Якум, бартарии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ҳангоми ташаккули низоми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва таҳияи матни Конститутсия муқарраротҳои санадҳои муҳимми ҳуқуқи байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрандӣ ва сиёсӣ ва Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Конститутсия дарҷи худро ёфтааст.

Дуюм, бартарии Конститутсия аз он иборат мебошад, ки дар он шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президентӣ муқаррар намуд, ки ин шакли идоракунӣ дар ҷумҳурӣ имконият фароҳам овард, ки низоми ягонаи мақомоти давлатӣ барпо гардад ва бо ин васила сулҳ, ваҳдат, қонуният ва тартибот дар ҳудуди қаламрав таъмин гардид, ки ин дар навбати худ ба инкишофи ҷомеа ва рушди ҳуқуқи инсон мусоидат намуд.

Сеюм, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати демократӣ эълон намуд, ки тибқи он дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад, эътироф карда шуд. Яъне, халқ баёнгари асосии ҳокимияти давлатӣ буда, рушди минбаъдаи давлатро танҳо мардуми Тоҷикистон мустақилона муайян менамояд.

Чорум, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намуд, ки тибқи он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин муқарраротҳо пеш аз ҳама дар ҳуқуқ ба ҳифзи меҳнат, таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор, хизматрасониҳои дастрас дар соҳаи маориф, тандурустӣ, маданият инъикос меёбанд.

Конститутсия тибқи моддаи 5 ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ дода, ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намуд, ки онро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳамзамон, дар боби дуюми Конститутсия тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсон, ба мисли паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дарҷ гардидааст, аз ҷумла: ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсӣ, баробарӣ дар назди қонун, кафолати ҳифзи судӣ, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба моликияти шахсӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ оварда шудааст, ки иҷроиши онҳоро давлат кафолат додааст.

Қайд кардан ба маврид аст аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони намоён ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони ИМА, Федератсияи Россия, ва дигар кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Инчунин, аз тарафи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон шомили панҷумин конститутсияи беҳтарини узви ҳамин созмон эътироф намуданд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой додани маҳз ҳамин меъёрҳои ҳуқуқи инсон шароит фароҳам овард, ки соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи миллии ҳуқуқи инсон - мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад. Вазифаи асосии макомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, қафолат медиҳад.

Дар баробари зикр намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, набояд дар бораи уҳдадориҳои шаҳрвандон ҷиҳати эҳтиром ва риояи қонунҳо фаромӯш кард, зеро танҳо дар ҳолати риоя гардидани ин ду қоидаи муҳим тартиботи ҷамъиятӣ ва оромиву осоиштагиро метавон таъмин намуд.

Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки ҷойгоҳ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули ҷомеаи навини Тоҷикистон хеле бузург аст.

 

Мирзоева Қутфиниссо Азизқуловна, н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top