МОҲИЯТ ВА ХУСУСИЯТИ ҲУҚУҚИИ КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ЗАМИНАИ АСОСИИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ КИШВАР

Бинанда: 107 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2025

Конститутсия ин санади ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба шумор рафта, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Ин санади тақдирсози миллат асоси ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин мақоми ба худ хос имконият медиҳад, ки мутобиқи мақсад доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шаванд. 

Дар тӯли таърихи инкишофи Тоҷикистон панҷ Конститутсия қабул гардидааст:

  • Конститутсияи Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1929;
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 1931;
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 01 марти соли 1937;
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1978;
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 ноябри соли 1994.

Қабули ҳар кадоми онҳо шаҳодати тағйиротҳои куллӣ дар ҳаёти ҷомеа ба шумор рафта, ташаккулёбии пешинаро ҷамъбаст намуда, чун қоида давраи сифатан навро дар таърихи рушду нумуи Тоҷикистон муайян намуда, муқаррароти ақидаҳои навин ё ки тақвият ва инкишофи консепсияи давраи гузаштаро инъикос менамуд.

Хислати умумии чор Конститутсияи Тоҷикистони то соҳибистиқлолӣ дар он ифода меёфт, ки онҳо воқеан хислати синфӣ дошта, танҳо як идеологияро ҳамчун идеологияи ҳукмрон мустаҳкам намуда, бисёрҳизбӣ ва гуногуншаклии моликиятро инкор мекарданд.

Ба даст овардани истиқлолият ва қабули ҳуҷҷатҳои мувофиқ оид ба соҳибихтиёрии давлатӣ ҳамчун асос барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави амалкунанда хизмат намуданд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардид, дар меъёрҳои худ идеяҳои пешқадами ҷамъиятӣ-сиёсии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро таҷассум намуда, халқҳои Тоҷикистонро ба дастовардҳои таърихии мутамаддин ҳамроҳ менамояд.

Шоёни диққат аст, ки дар боби дуюми Конститутсия маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд инъикос карда шудаанд, ки асоси онро стандартҳои байналмиллалӣ дар доираи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд. Ҳамин тариқ, санадҳои байналмилаллӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби ҷумҳурӣ эътироф гаридааст, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қонуни асосии давлат мебошад, ки иродаи халқро ифода намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, сохтори давлатӣ ва маъмурӣ-минтақавӣ, низоми интихоботӣ ва низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва низоми судиро мустаҳкам менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ асосан бо хусусиятҳои ҳуқуқии худ фарқ менамояд, ки онҳо чунин зайланд:

- Конститутсия қонуни асосии давлат буда, он сохторҳои асосии давлат ва ҷамъият, институтҳои муҳимми давлатӣ-ҳуқуқӣ, принсипҳои созмон додан ва фаъолияти онҳоро мустаҳкам менамояд;

- Меъёрҳои Конститутсия дорои қувваи олии ҳуқуқӣ буда, қонунҳои ҷорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ наметавонанд ба Конститутсия мухолифат кунанд, дар ҳолати мутобиқат накардани санади мазкур ба Конститутсия меъёрҳои конститутсионӣ амал менамоянд;

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии низоми ҳуқуқии давлат ба шумор рафта, ҳолат ва принсипҳои Конститутсия нақши пешбарандаро барои тамоми низоми ҳуқуқ мебозанд ва ҳамчун зербинои ҳуқуқӣ барои низоми қонунгузорӣ баромад менамоянд;

- Санадҳои байналмиллалӣ-ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, набояд ба Конститутсияи Тоҷикистон мухолифат намоянд. Бо баробари он Конститутсия наметавонад ба меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ мухолифат намояд. Санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҷузъи таркибии низоми ҳуқуқии миллӣ баҳисоб мераванд;

- Дар қисми 2, моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст, ки Президент кафили Конститутсия мебошад. Илова бар он дар муҳофизати Конститутсия суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад;

- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба тариқи муқаррар намудаи конститутсионӣ метавон тағйир дода шавад, яъне бо роҳи гузаронидани овоздиҳии умумихалқӣ.

Мувофиқи сохтори худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дебоча, қисми асосӣ (10 боб) ва ҳолатҳои интиқолиро дар бар мегирад.

Дебоча халқи Тоҷикистонро ҳамчун субъекти махсусе, ки Конститутсияро қабул намудааст муаррифӣ менамояд, дар худ тақвияти анъанаи қабул ва эълон кардани Конститутсияро таҷассум менамояд.

Қисми асосии Конститутсия аз 10 боб иборат аст, ки онҳо ба моддаҳо тақсим карда шудаанд. Ҳар як боб доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад ва модда бошад меъёрҳои муайянро муқаррар месозад.

Дар боби аввал, ки “Асосҳои сохтори конститутсионӣ” ном гирифтааст, тавсифи давлати ҳуқуқӣ ва сиёсии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд; принсипҳои умумиҳатмии ташаккул ва фаъолияти мақомоти ҳокимият муқаррар карда шудаанд; шакли идоракунӣ ва сохтори давлат муайян гардидаанд; арзиши олии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии идеологӣ ва сиёсӣ эътироф гардидааст; ҳолатҳое, ки моликиятро дар бар мегирад мухтасар ифода карда шудааст. Илова бар ин эълон карда мешавад, ки дорандаи соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ халқ ба шумор меравад.

Ҳолатҳо оид ба ҳуқуқ, озодиҳо, уҳдадориҳои инсон оид ба шаҳрванд ва шаҳрвандӣ дар боби дуюми Конститутсия бо номгӯи “Ҳуқуқ, озодиҳо уҳдадориҳои асосии инсон ва шаҳрванд” гирд оварда шудаанд. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд; ҳар як инсон ҳуқуқ ба ҳаёт, тағйири озодонаи макони зист; озодии иттиҳод, озодии меҳнат, моликияти хусусӣ, муҳофизати саломатӣ, озодии виҷдон, гирифтани маълумот доранд. Инчунин шаҳрванд бояд поквиҷдонона ӯҳдадориҳои конститутсионии худро иҷро намояд.

Дар бобҳои 3,4 ва 5 қоидаи интихобот, мутобиқан таъиноти Парлумон, Президент ва Ҳукумат, салоҳият, функсияҳои онҳо, роҳхати амал дар вазъиятҳои гуногуни сиёсӣ, муносибат бо дигар мақомот, фаъолият дар доираи рушди иқтисодиёти мамлакат, амалӣ сохтани сиёсати дохилӣ ва берунӣ муқаррар карда шудаанд.

Қоидаи ба амал баровардани ҳокимияти маҳаллӣ ва худидоракунӣ дар боби шашум - “Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ” мухтасар ифода ёфтаанд.

Вазъи конститутсионӣ-ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар боби ҳафтум муайян гардидааст.

Дар боби ҳаштум, ки “Суд” ном дорад муқаррар шудааст, ки ҳокимияти судӣ мустақил буда, танҳо аз ҷониби судяҳо ба амал бароварда мешавад; қоидаи ташаккул ва мазмуни фаъолияти судҳо ва низоми судӣ дар боби зикргардида муайян гардидааст.

Дар боби нуҳум тамоюли фаъолият ва асоси ҳуқуқии мақомоти Прокуратура нишон дода шудааст.

Боби даҳ “Тартиби тағйири Конститутсия” тартиби махсуси таклифот ва ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсияро муқаррар менамояд, инчунин тағйиротнопазирии шакли идоракунӣ ва тавсифи конститутсионӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд.

Ҳолатҳои интиқоли тартиби ба қувва ворид гаштан, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, мутаносибии қувваи ҳуқуқии тағйирот ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар лаҳзаи ба қувва ворид гаштан амал менамояд, муайян мекунанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидааст ва ба қатори конститутсияҳои устувор мансуб аст. Тағйиротҳо ва иловаҳо ба Конститутсия метавонанд танҳо ба тариқи райъпурсии ҷумҳуриявӣ ворид карда шаванд. Ҳуқуқи ташаббуси аз нав дида баромадани Конститутсия ба Президент ё ки на кам аз се як ҳиссаи овозҳо аз шумораи умумии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони мардумии Маҷлиси намояндагон таалуқ дорад.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тағйироту иловаҳое, ки мутобиқи натиҷаҳои раъйпурсиҳои умумихалқӣ аз 29 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ворид карда шудаанд, амал менамояд.

 

Мавлонзода Фарзона, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top