КОНСТИТУТСИЯ — РӮҲИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ МИЛЛАТ

Бинанда: 105 | Санаи нашр: 01 Ноябр 2025

«Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

Конститутсия бузургтарин дастоварди миллати тамаддунофари халқи тоҷик буда, ҳамчун нахустин нишонаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва санади оливу муқаддас зиндагии шоистаи мардумро таъмин менамояд.

Ин санади тақдирсоз оинаи ҳастии миллат ва пояи давлатдорӣ аст, ки ҳар як ҷумлааш чун фаввораи партави адолату саодат чеҳраи давлату миллатро нурборон намуда, ҳар як шаҳрванди кишварро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Воқеан, давлат бе Конститутсия монанди киштии бидуни компас аст, ки самт, оромӣ ва итминонро аз даст медиҳад.

Конститутсия рӯҳи қонун, садои виҷдони мардум ва ормони адолатро дар худ гирд оварда, ҳар моддаи он барои ҳифзи шарафи инсон, озодии виҷдон ва баробарии ҳақиқӣ навишта шудааст. Ин қонуни муқаддас ба хотири халқ аст, то ҳуқуқи ҳар нафар зери сояи он ҳифз гардад.

Дар Конститутсия дар баробари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сухан аз масъулият низ меравад. Зеро, озодӣ бе масъулият ба шамъе монанд аст, ки бо шамол мемирад ва маврид ба зикр аст, ки танҳо зери сояи қонун озодӣ маънои воқеии худро пайдо мекунад. Дарвоқеъ, Конститутсия ҳамчун шаҳодатномаи давлату миллат гиреҳи мушкилотҳои ҷомеаро мекушояд, дари ҳақиқатро боз менамояд ва рӯ ба ҷониби ҳифзу ҳимояи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

Маҳз тавассути Конститутсия миллат худро шинохта, решаҳои давлатро дар замини таърих устувор месозад ва ормонҳои сулҳ, ваҳдат, истиқлолу пешрафтро таҷассум мекунад. Конститутсия шабеҳи китоби муқаддасест, ки наслҳо онро мехонанд, меомӯзанд ва аз рӯҳи он неру мегиранд.

Рӯзи қабули Конститутсия рӯзи таваллуди нав аст, зеро он миллатро бо оянда мепайвандад ва миёни шаҳрвандон пули иттиҳод месозад. Ин санад аҳди бузурги давлат ва мардум аст — савганде, ки ҳамаи мо ба номи адолат ва қонун ёд мекунем, то ҷомеа дар фазои амну эътимод зиндагӣ намояд.

Дар ҷаҳони пуртағйир устувории давлат аз қонуни асосӣ сарчашма мегирад. Агар Конститутсия аз арзишҳои умумибашарӣ сероб ва ҷой барои озодӣ, адолат ва эҳтиром дошта бошад, миллат ҳеҷ гоҳ зери сояи зулм намемонад.

Ин санад фақат матни расмӣ набуда, балки фалсафаи зиндагии ҷомеа аст. Он донишу андешаи моро такмил медиҳад, ташаккули тафаккурро тақвият мебахшад, тариқи зиндагониро меомӯзад, ки озодӣ бе меъёр ва адолат, бе қонун - орзуи хом аст. Аз ин рӯ, эҳтироми Конститутсия маънои эҳтироми давлат, миллат ва худи инсонро дошта, ҳар нафаре, ки онро меомӯзад ва риоя мекунад, воқеан, ба пояҳои ҷомеа устуворӣ  мебахшад.

Агар хуб дарк намоем, Конститутсия аз ҳар як шаҳрванди кишвар оғоз меёбад, яъне аз виҷдони мардум сар мезанад. Вақте, ки инсон дар зиндагии ҳаррӯза ба қонун эҳтиром мегузорад, дар роҳи шинохти адолат, ҳамдиливу худшиносӣ устуворона қадам мезанад, ба Конститутсия ҷони нав мебахшад.

Воқеан ҳам, Конститутсия рамзи ваҳдат, асоси давлатдорӣ ва нишони ифтихори миллӣ аст, ки моро ба ҳам меоварад, аз ихтилоф дур медорад ва ҷониби роҳи равшан ба сӯи фардои нек раҳнамоӣ мекунад. То он даме, ки халқу миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба қонун ва адолат содиқ мемонад, давлати мо чун кӯҳҳои сарбаланди Тоҷикистони офтобӣ устувор хоҳад монд.

         Музамбила Султонӣ, омӯзгори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top