«Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид»
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуд, заминаи муҳимми ҳуқуқию сиёсии давлатдорӣ ва рушди кишварро ташкил медиҳад. Дар раванди таҳияи ин санади тақдирсоз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ буд.
Дар баробари соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Зарурати таърихии таҳия ва қабули конститутсияи давлати соҳибистиқлол ба миён омад. Чунки Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул гардида буд, ба талаботи даврони соҳибистиқлолӣ ҷавобгӯ набуд.
Қабули Конститутсия дар шароити мушкил ва буҳронҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт. Мамлакат дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт ва давлатдории миллӣ дар зери хатари ҷиддӣ буд. Дар чунин шароит Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвар интихоб шуданд, нақши муҳимро дар хомӯш кардани оташи ҷанг ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии таҳияи Конститутсия иҷро карданд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конститутсияи Тоҷикистон принсипҳои асосии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ ворид карда шуданд.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Бояд зикр кард, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гарави таҳкими пояи давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои шахс, риояи муқаррароти қонун ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо мусоидат менамояд.
Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, метавонад мустақилона онҳоро амалӣ ва ҳифз намояд, ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигарон эҳтиром гузорад ва дар раванди рушди таҳаввулоти ҳуқуқии ҷомеа нақш дошта бошад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба мукаммал намудани дониш, иттилоот ва шуури ҳуқуқии онҳо таъсир гузошта, масъалаи бемасъулиятӣ ва беаҳамиятӣ нисбат ба иҷрои уҳдадориҳоро аз байн мебарад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар кишвар заминаҳои мукаммали ҳуқуқию қонунии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон фароҳам омадааст.
Ба муносибати 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мардуми кишвар метавонад бо ифтихор ба роҳи тайкардаи он назар афканад ва дастовардҳои худро дар самти таҳкими ҳокимияти қонун, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ таҷлил кунад. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз, пояи давлатдории муосири Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва нақши калидӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар дорад.
Хуллас, ҳадафи миллат ҳифзи арзишҳои Конститутсия, ки барои рушди минбаъдаи демократия ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои шаҳрвандони мамлакат мусоидат менамояд, вазифаи муқаддас маҳсуб мешавад.
Шамсов Фатҳиддин Тоирович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт
 
 
 Тоҷикӣ
						Тоҷикӣ																													
		 Русский
							Русский											 English (UK)
							English (UK)											
