НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ ДЕМОКРАТИВУ ҲУҚУҚБУНЁДӢ

Бинанда: 27 | Санаи нашр: 31 Октябр 2025

Бо қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи нав дар ҳаёти кишвари мо оғоз гардида, баҳри таҳкими арзишҳои демокративу ҳуқуқбунёдӣ нақши муҳим бозид. Вазифаи аввалиндараҷаи он дар тафаккури омма ҷой додани шуури нави муносибатҳои бозорӣ, таҳкими ташаббускории хусусии шаҳрвандон, шаклҳои гуногуни моликият мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон - қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатиро муқаррар намудааст. Дар он арзишҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдии давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ инъикос ёфтаанд. Аввалин маротиба Конститутсияи мо инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ ҳисобида, ба он боби алоҳида ҷудо намудааст. Дар ин боб он меъёрҳои умумиэътирофшудае омадаанд, ки дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсӣ аз соли 1966 ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз соли 1966 қайд гардидаанд. Зиёда аз ин, Конститутсия ба Эъломияи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва Изҳороти истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 асос ёфтааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 1 арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоиро муқаррар намудаст.

Имрӯз ҳеҷ кас инкор намекунад, ки Конститутсияи мо баҳри инкишофи мамлакат нақши муҳим бозидааст. Азбаски дар роҳи истиқлолият ва инкишофи мустақилона мо рӯз аз рӯз барои бунёди ҷомеаи нав, ҳаёти озодона таҷрибаи комил гирифта истодаем, ҳамаи ин иқдомҳо танҳо баҳри ба даст овардани ҳақиқат мебошад. Ин ҳақиқат дар он ифода меёбад, ки муваффақиятҳои ба даст овардаи мо, ҳаёти орому осуда, эътиқод ба оянда, нуфузи мамлакат дар минбари ҷаҳон ба муқаррароти Конститутсия асос ёфтааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташкили давлати саҳибистиқлол, таҳкими сиёсати дохилию берунии мамлакат, ҷараёни ҳамгироии мунтазам бар олами тамаддун замина гузоштааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии инкишофёбандае мебошад, ки бо мурури замон аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа комилтар мегардад. Дар мавриди зоҳир намудани муносибатҳои оқилона ва самимона ба Конститутсия он ҳамчун омили мустаҳкамкунандаи тамоми низоми ҳуқуқӣ ва ҳаёти давлатию ҷамъиятӣ баромад мекунад.

Дар моддаи 8 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Аз ин хотир Конститутсия ҳуҷҷати ниҳоии созишдиҳандаи манфиатҳои гурӯҳҳои гуногунфикри аҳолӣ маҳсуб меёбад. Дар он ақидаву пешниҳодҳои тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ ва ҳизбҳои сиёӣ ба назари эътибор гирифта шудааст.  

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонунро эълон медорад, ки мувофиқи он тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеа бояд дар асоси қонун амал намоянд ва онро муқаддас донанд.  

Яке аз роҳҳои ташаккул ва рушди давлати демократию ҳуқуқбунёд риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо аст. Ин нукта дар моддаи 42 Конститутсия махсус таъкид гардидааст. «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад» гуфта мешавад дар моддаи номбаргардида. Бе риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо рушди устувори ҷомеа ва давлатро таъмин намудан имконнопазир аст. Ин мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеию ҳуқуқиро водор месозад, ки бо дарки баланди масъулият фаъолияти самараноку қонуниро анҷом диҳанд.

Барои риоя ва иҷрои Конститутсияву қонунҳо зарур аст, ки дар ҷомеа шуури ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба арзишҳои демокративу ҳуқуқбунёдӣ масъулияти басо бузург буда, бо чунин роҳҳо ба даст меоянд:

- тарбияи фарзанд аз тарафи волидайн дар оила;

- таълиму тарбияи наврасон дар мактаб аз тарафи омӯзгорон;

- ибрат гирифтан аз рафтори хуби калонсолон;

- шарҳу эзоҳ додани нуктаҳои асосии Конститутсия ва дигар

санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;

- мустақилона мутолиа ва омӯхтани Конститутсия ва санадҳои

ҳуқуқии меъёрӣ.

Гиромидошти Конститутсия ҳамчун қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии қонунгузории кишварамонро ташкил медиҳад, моро водор месозад, ки онро мавриди эҳтиром қарор дода, ҳар як меъёри онро сармашқи кори худ карда, нуктаҳои асосии онро дар ҳаёт татбиқ намоем.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати раҳнамои давлат ва ҳар як шаҳрванд аст, ки баҳри таҳкими арзишҳои демокративу ҳуқуқбунёдӣ аҳаммияти назаррас дорад.

 

Маҳмадхонов Тошмаҳмад, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top