КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО БА СӮИ ПЕШРАФТ

Бинанда: 34 | Санаи нашр: 29 Октябр 2025

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи сифатан нави рушд ворид гардид, ки ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона шудааст. Барои пойдор намудани ин падидаҳо зарурат ба Конститутсияи нав пайдо шуд, зеро Конститутсия замони шуравӣ ба ин талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ин рӯ, дар баробари эъломияи истиқлолият қарор "Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид.

 

Дар барқарор сохтани сохти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи нав Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ нақши бузург бозид. Пешвои миллат дар яке аз баромадҳои худ чунин гуфта буданд: "Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст". Дар як муддати кӯтоҳ лоиҳаи Қонуни асосии кишвар таҳия гашта, 6-уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.

 

Ба Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва олимону мутахассисони давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Россия баҳои баланд доданд. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ инчунин ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсонро дар бар гирифта бо санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳимоят мекунад, мувофиқат менамояд. 

 

Минбаъд баҳри такмили сохтори конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистон 3 маротиба (26 сентябри соли 1999; 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

 

Соли ҷорӣ аз қабули Конститутсия 31 сол сипарӣ мешавад ва дар тӯли ин солҳо кишвари мо тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Бояд гуфт, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат намуданд.

 

Яке аз вазифаҳои асосии кишвар ин таъмин намудани сатҳи иҷтимоии ҷомеа мебошад, ки ин уҳдадорӣ дар моддаи 1-уми Конститутсия чунин дарҷ гардидааст: "Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад".

 

Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ барномаи дарозмуҳлати иҷтимоию иқтисодӣ – Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро қабул намудааст, ки баҳри баланд бардоштани иҷтимоиёти кишвар заминаи хубе мебошад.

 

Тазаккур дод, ки аксарият шаҳрвандони ҷумҳуриро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз ин хотир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - дастгирии ҷавонон аст, зеро имрӯз дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷамъият эътироф мешаванд.

 

Ҳамин тавр, барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат иштироки ҷавонон нақши муҳим мебозад, зеро онҳо дар азхудкунӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир дар ҳаёти ҷомеа неру ва иқтидори назаррас доранд.

 

Дар маҷмӯъ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки омили асосии ваҳдат, пешрафт ва таъмини адолати иҷтимоии ҷомеа буда, татбиқи пайвастаи меъёрҳои он кафолати рушди босуботи давлат ва эҳёи пурраи арзишҳои миллии тоҷиконро таъмин менамояд.

 

 

Ҳакимов Шаҳбоз Шодибоевич, Бобохониён Довуд Маҳмадраҷаб, ассистентони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top