Халқи тоҷик ҳар сол 6-уми ноябр - солгарди қабули Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирад, ки яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарафманди кишварамон ва муҳимтарин рӯйдоди таърихи навини халқи тоҷик мебошад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ 6-уми ноябри соли 1994 бо дастгирию талошҳо ва иродаи устувори халқи тоҷик санади тақдирсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳимми ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд. Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимод гузошта, дар давраи басо ҳассос ва мураккаби сиёсии мамлакат барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд.
Тавре аз муҳтавояш бармеояд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳамчунин озодиҳои сиёсӣ, аз ҷумла озодии сухан, гуногунандешӣ, дар доираи қонун таъсис додани ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳо ва созмонҳои гуногуни ҷамъиятӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, ба таври озод истифода намудан аз воситаҳои ахбори омма ва воситаҳои нави технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро кафолат медиҳад.
Ҳамрадиф бо ин, дар заминаи Конститутсия, бо дарназардошти талаботи замони муосир, дар кишвар ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз гардид, ки ин раванд барои рушди бонизому пурсамари самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Аҳаммияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад:
- Конститутсия ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат - хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон карда шуд.
- Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургтарин зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дар Конститутсия дарҷ гардиданд.
- Тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд. Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷониби 192 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф шуда, бо зиёда аз 183 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Бо зиёда аз 100 давлат муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ амалӣ намуда, дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад.
- Қабули Конститутсия барои ҳокимияти сиёсӣ, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат омада буд, аҳаммияти таърихӣ дошта, ба он нерую илҳоми тоза бахшид. Онро ба татбиқи сиёсати пешгирифта: хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави давлат, ба ватан ва ҷои зисти доимӣ баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра, ки дар ин иҷлосия пеш гирифта буд, раҳнамун сохт. Кулли мардуми Тоҷикистон ба қабули Конститутсия овоз дода, амалан пуштибонии худро аз иқдоми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.
- Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими ратсионалии минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон ва муносибати эҷодкорона ба матни Конститутсия дарҷ ёфт.
Бо назардошти ин ҳолатҳо ва ризояти миллӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани нақши инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ равона шудаанд.
- Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод.
- Конститутсия, ки ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва шиносонидани онҳо бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор гузошт.
- Конститутсия эълон намуд, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
- Конститутсия эълон намудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад (моддаи 1).
Ба ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон – Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҷойгузин намоем
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонун, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ меҳвари ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Салимов Назаралӣ Сафарович, н.и.ф.м., муаллими калони кафедраи технологияи рақамӣ дар иқтисодиёт
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 