НАҚШИ СОҲИБКОРӢ ДАР ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ - САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

Бинанда: 29 | Санаи нашр: 14 Октябр 2025

Фаъолияти соҳибкорӣ омили муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, пайваста мавриди таваҷҷуҳ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрӯз соҳибкорӣ воқеан омили муҳимми рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ, махсусан саноатикунонии босуръати кишвар омили калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2025 тариқи «Равзанаи ягона» 377 ҳазору 129 субъекти хоҷагидор фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 15 ҳазору 330 субъект ё 4,2 фоиз зиёд мебошад. Ҳоло барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ қариб 110 номгӯй имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки «Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян карда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти мамлакат ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд. Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба зиёда аз 350 ҳазор баробар гардид. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи кор, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ карда шуд».

Инчунин, дар соҳаи саноати кишвар айни замон Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои соҳавӣ амалӣ гардида истодаанд. Барномаҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав бо таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат мусоидат намуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок ва тақвият бахшидан ба истеҳсолот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд, ки дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар нақши бузург дорад.

Дар назар аст, ки ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар бояд ба 30 фоиз расонида шуда, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад”.

Ҳадафи асосии стратегия ва барномаҳои амалӣ шудаистода навсозии корхонаҳои пешину бунёди корхонаҳои нав, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ буда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз иқтисоди аграрӣ - саноатӣ ба индустриалӣ – аграрӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри ниҳоӣ замина мегузоранд.

Дар ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд ва ё техникаю технологияи навро барои васеъ намудани на кам аз нисфи истеҳсолот ҷалб менамоянд, муайян ва тартиби татбиқи мораторияро муқаррар, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд.

Инчунин, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ муайян карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардиданд. Дар даврони истиқлоли давлатӣ дар бахши соҳибкорӣ беш аз 90 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардид, ки муносибати бахши хусусиро такмил дода, танзим менамоянд.

Дар маҷмӯъ барои фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон қонунгузорӣ тамоми имтиёзҳоро муқаррар намудааст, ки ҳадафи асосии он дастгирии давлатии бахши соҳибкорӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд ва бовар дорам, ки чунин иқдомоти созанда аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст вусъати боз ҳам бештар пайдо мекунанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташаббус ва кӯшишҳои соҳибкорон, шумораи соҳибкорони муваффақ зиёд гардида, бахши мазкур минбаъд низ рушд карда, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат замина бунёд намуда, кишварро ба давлати саноатӣ - аграрии пешрафта мубаддал мегардонад.

Алимов Комилҷон Касирович, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top