Дар шароити мураккаби геополитикии муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, рақобати қудратҳо ва таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ тамоюли афзоянда доранд, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирадмандӣ ва дурбинии стратегӣ амалӣ мегардад.
Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои пайдарпайи Пешвои миллат бо сарони давлатҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон аз марҳалаи нави фаъолияти дипломатии Тоҷикистон дарак медиҳанд.
Ин рӯйдодҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба як узви фаъоли низоми байналмилалӣ ва омили муҳимми суботи сиёсиву иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.
1. Самтҳои стратегии муносибатҳои Тоҷикистону Русия
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия аз ибтидои истиқлолият то имрӯз бар пояи дӯстӣ, эътимод ва ҳамкории мутақобилан судманд ташаккул ёфтаанд. Сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон (8-10 октябри 2025) ба таҳкими шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байнидавлатӣ такони нав бахшид.
Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ сарони ду кишвар — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин - аҳамияти густариши ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг таъкид намуданд.
Имзои 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Изҳороти муштараки Президентҳо дар бораи тавсеаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия ва ҳамчунин тавофуқҳо оид ба таъсиси Парки саноатии муштарак, Нақшаи афзоиши савдои дуҷониба (2025–2030) ва созишномаҳо дар соҳаи маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ, самтҳои асосии ҳамкориҳои ояндаро муайян намуданд.
Ҳамин тавр, Русия барои Тоҷикистон шарики сиёсӣ, сутуни устувори иқтисодиву амниятӣ боқӣ мемонад.
2. Рушди муносибатҳои стратегӣ бо Узбекистон
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ - Русия идомаи сиёсати ҳамгироии ду давлат буд. Ҷонибҳо рушди устувори ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетикӣ ва фарҳангиро ба манфиати ҳар ду халқ арзёбӣ намуданд.
Бо зикри нақши муассири Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон, роҳбарони ду кишвар таъкид карданд, ки рушди саноати “сабз”, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таъсиси корхонаҳои муштарак омили муҳимми ҳамкории муосир мебошанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба рушди робитаҳои фарҳангӣ, табодули илмӣ ва мустаҳкам намудани дӯстии мардумон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
3. Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон
Қазоқистон аз шарикони муҳимми стратегии Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб меравад. Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи маълумот, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар нимсолаи аввали соли 2025 ба 670 миллион сомонӣ расидааст, ки нишондиҳандаи рушди босуръати робитаҳои иқтисодии ду кишвар мебошад.
Ҷонибҳо аҳаммияти Шартномаи ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро таъкид намуданд, ки он имкониятҳои нави ҳамгироии минтақавиро фароҳам меорад.
4. Муносибатҳои дӯстона бо Қирғизистон ва аҳамияти сулҳи устувор
Дар мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳамкорӣ ва таҳкими эътимоди дуҷониба баррасӣ шуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки “бо шарофати саъю кӯшиши муштарак ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ мо тавонистем тамоми масъалаҳои мавҷударо ҳал намоем.”
Ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси дипломатияи созанда, ҳамзистии сулҳомез ва ҳалли мусолиматомези ихтилофҳо пеш мебарад.
Ҷонибҳо зарурати тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангиро низ таъкид карданд, ки ин омили муҳимми таҳкими суботи минтақа аст.
5. Самтҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон
Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов низ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобила баргузор шуд.
Дар ин дидор ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт аҳаммияти хос доданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак, афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои “энергияи сабз” баён намуданд.
Ин муносибатҳо Тоҷикистонро бо Туркманистон дар сатҳи нави ҳамкории иқтисодиву гуманитарӣ қарор медиҳанд.
6. Дипломатияи минтақавӣ ва нақши Тоҷикистон дар
ҳамгироии Осиёи Марказӣ
Мулоқотҳои пайдарпайи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои минтақа далели возеҳи мавқеи фаъол ва созандаи Тоҷикистон дар равандҳои дипломатии Осиёи Марказӣ мебошанд.
Тоҷикистон тавассути дипломатияи ҳамгироӣ, сиёсати сулҳомез, ва ташаббусҳои байналмилалӣ нақши муҳимми таҳкими суботи минтақавиро иҷро мекунад.
Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои эҳтироми истиқлолият, ҳамкории баробарҳуқуқ ва таъмини манфиатҳои умумӣ устувор шудааст.
Музокирот ва мулоқотҳои сатҳи олии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон на танҳо пояи сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тақвият мебахшанд, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ муҳити мусоиди сулҳу субот ва рушди иқтисодиро фароҳам меоранд.
Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи худ дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси модели дипломатияи мувозинатнок ва оромбинона шинохта шудааст.
Ҳамин тавр, таҳкими шарикии стратегӣ бо давлатҳои дӯст ва ҳамсоя на танҳо манфиати миллӣ, балки таҳкими суботи минтақавӣ ва рушди устувори минтақаи Осиёи Марказиро таъмин менамояд.
Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ