Баъд аз барҳамхурии Иттиҳоди Шуравӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамчун як иттиҳоди сиёсию иқтисодӣ байни як қатор мамлакатҳои собиқи Шӯравӣ дар соли 1991 расман ташкил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз 26 декабри соли 1991 ба ҳайси аъзо пазируфта шуда, ҳамчун мамлакати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ин созмон, дар тули зиёда аз се даҳсола фаъолияти хешро дар сохторҳои ИДМ идома дода истодааст.
Баъди аъзо гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИДМ имконият фароҳам оварда шуд, ки ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои пасошӯравӣ барои нигоҳ доштани сулҳу субот ва рушди иқтисодиёт мусоидат намояд. Яке аз самтҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ИДМ ин ҳамкории сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ фарҳангиву гуманитарӣ ба ҳисоб мераванд.
Қайд намудан зарур аст, ки дар доираи ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аллалхусус дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) нақши калидиро иҷро менамояд. Зеро иштирок намудан дар чорабиниҳои ҳарбӣ ба монандӣ машқҳои интизомӣ ва мубориза ба терроризм боиси таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавӣ гардидааст.
Яке аз ҳамкориҳои судманд ва афзалиятнок дар доираи созмони мазкур ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шумор меравад, ки Тоҷикистон бо мамлакатҳои ИДМ, ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Узбекистон робитаҳои зичи иқтисодӣ дошта, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва савдо муҳим арзёбӣ гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ як нақши муассир ва фаъолро доро мебошад. Новобаста аз баъзе маҳдудиятҳо ва чолишҳо, ИДМ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як платформаи муҳим барои ҳамкории минтақавӣ ва рушди устувор хизмат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои ИДМ диққати аввалиндараҷаро зоҳир менамояд. Дар шароити муосир Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои 7 мақомоти оинномавии Иттиҳод (Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои иқтисодӣ, Шурои ҳамоҳангсози фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Ассамблеяи байнипарлумонӣ ва Суди иқтисодӣ) буда, дар фаъолияти беш аз 80 сохторҳои соҳавии он фаъолона ширкат варзида истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 раёсатро дар ИДМ ба уҳда дошта, ба таҳкими муносибатҳои дӯстона байни мамлакатҳои аъзои ин созмони бонуфуз таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию иҷтимоӣ дар байни мамлакатҳои ИДМ манфиатдор мебошад.
Рустамзода Фитрат Музаффар, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ