НАҚШИ ИДМ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 11 Октябр 2025

Дар ҷомеаи имрӯза ҳамгироии иқтисодӣ яке аз омили муҳимми пешрафти давлатҳо ба шумор меравад. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст, ба ҳайси як созмони ҳамкорӣ миёни кишварҳои собиқи иттиҳод фаъолият дорад. Нақши ИДМ дар ҳамоҳангсозии равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ назаррас аст, махсусан барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол шуданаш ба фаъолияти ИДМ пайваста, онро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии худ мешуморад. Ҳамкорӣ дар доираи ИДМ ба Тоҷикистон имконият дод, ки робитаҳои иқтисодии худро бо ҳамаи аъзоёни ин созмон тавсеа диҳад. Дар доираи ин созмон Тоҷикистон дар як қатор барномаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар ҳамкориҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва аграрӣ ширкат меварзад. Ин ҳамкорӣ имконият фароҳам овардааст, ки кишвар дар бозорҳои васеътар маҳсулоти худро содир намуда, воридоти молҳои заруриро бо шароити мусоид амалӣ созад.

Воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳамгироёнаро пеш гирифтанд, ки дар маркази он ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ қарор дорад. Тоҷикистон дар асоси сиёсати созандаи Пешвои миллат тавонист, ки муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ ва фарҳангиро бо кишварҳои аъзои ИДМ тадриҷан густариш диҳад.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 55% гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ рост меояд. Аз ҷумла, Федератсияи Русия 42%, Қазоқистон 8% ва Ӯзбекистон тақрибан 5%-ро ташкил медиҳанд.

Инчунин, зиёда аз 70% муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ фаъолият доранд. Ҳиссаи интиқоли пули онҳо ба иқтисоди миллӣ то 32% ММД расида, ин омил ба суботи молиявӣ ва талаботи бозори дохилӣ таъсири мусбат мерасонад.

Гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои узви ИДМ бошад, зиёда аз 50 фоизи муомилоти хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки ИДМ барои рушди савдо ва сармоягузорӣ саҳми назаррас дорад. Ҳамзамон, барномаҳои махсуси ИДМ барои рушди инфрасохтор, логистика ва дастгирии соҳибкорӣ ба тавсеаи иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд.

Натиҷаҳои таҳлил нишон медиҳанд, ки ИДМ барои кишварҳои узв, аз ҷумла Тоҷикистон, на танҳо платформаи ҳамкорӣ, балки абзори муҳимми рушди иқтисодӣ мебошад. Гардиши савдо ва сармоя, интиқоли пули муҳоҷирон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҳамаи онҳо ба устувории иқтисоди миллӣ мусоидат менамоянд. Дар шароити рақобати ҷаҳонӣ ва тағйирёбии сохтори иқтисодӣ, густариши ҳамкорӣ дар доираи ИДМ метавонад барои Тоҷикистон имкониятҳои нав дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика ва иқтисоди сабз фароҳам оварад.

Хулоса, роҷеъ ба нақши ИДМ дар рушди иқтисодиёти кишвар инро қайд намуданиям, ки сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷойгоҳи шоиста ва фаъоли худро соҳиб гардад. Ин сиёсати созанда ба таҳкими муносибатҳои дӯстона, рушди иқтисодӣ ва ҳифзи суботи минтақавӣ мусоидат намуд.

Назруллозода Майсара Назрулло, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмиллалӣ

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top