ТОҶИКИСТОН ДАР МАҚОМИ РАИСИИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ: ДУРНАМОИ НАВИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ

Бинанда: 47 | Санаи нашр: 11 Октябр 2025

Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар соли 2025 як падидаи муҳим ва дорои аҳаммияти таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки нишонаи эътирофи байналмилалии нуфузи сиёсати хориҷӣ ва шаҳодати мавқеи устувори Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимод дар арсаи ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда 10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Саммити навбатии сарони давлатҳои ИДМ баргузор гардид, ки Тоҷикистон дар он на танҳо нақши мизбон, балки роҳнамои сиёсиву стратегиро иҷро кард.

Баъд аз сӣ соли таъсиси ИДМ равандҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки минтақа ба як модели нави ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ ниёз дорад. Дар ин шароит Тоҷикистон бо таҷрибаи ғании дипломатии худ ва сиёсати мутавозини хориҷӣ кӯшиш дорад, ки ба ИДМ мазмуну равиши тоза бахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои расмии худ таъкид намуданд, ки «ҳамкории судманди байнидавлатӣ танҳо дар асоси эътимод, баробарӣ ва манфиати умумӣ имконпазир аст». Маҳз ҳамин раванд имрӯз дар маркази сиёсати Тоҷикистон дар доираи ИДМ қарор дорад.

Самтҳои калидии сиёсати Тоҷикистон дар доираи раёсати ИДМ

1. Дар самти ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки “Барномаи иқтисодии ИДМ барои солҳои 2025–2030” таҳия шавад, ки дар он лоиҳаҳои муштараки саноатӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ афзалият дошта бошанд.

2. Дар самти муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки Созишномаи нав оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи иҷтимоии муҳоҷирон қабул шавад.

3. Дар самти амният ва суботи минтақавӣ Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки дар Душанбе Маркази иттилоотии амнияти киберӣ ва марзӣ таъсис ёбад.

4. Дар самти илм, фарҳанг ва рушди инсоният Пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани соли 2026 ҳамчун “Соли илм ва маорифи ИДМ” аз ҷониби ҳамаи кишварҳо ҷонибдорӣ ёфт.

Барои омодагӣ ба Саммити Душанбе як силсила тадбирҳои фарогир андешида шудааст:

- Барқарорсозии инфрасохтори логистикӣ, меҳмонхонаҳо ва марказҳои байналмилалӣ;

- Ташкили нишастҳои вазирони иқтисод, фарҳанг ва амният пеш аз саммит;

- Омодасозии Нақшаи стратегӣ барои рушди ҳамкориҳои иқтисодии ИДМ то соли 2035, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муваффақияти сиёсати минтақавӣ калидӣ аст. Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ бо хирад, устуворӣ ва сиёсати дурнигарона тавонистанд, ки Тоҷикистонро ба ҳамдасти боэътимоди дипломатияи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил диҳанд.

Аз нуқтаи назари илмӣ раёсати Тоҷикистон дар ИДМ соли 2025 як марҳилаи гузариш аз ҳамкории рамзӣ ба ҳамкории амалӣ мебошад. Дар сатҳи иқтисодӣ - таваҷҷуҳ ба барномаҳои муштараки сармоягузорӣ зиёд шудааст. Дар сатҳи иҷтимоӣ - ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон афзалият ёфтааст. Дар сатҳи фарҳангиву илмӣ - барномаҳои нави табодули дониш оғоз гардидаанд.

Саммити ИДМ-2025 дар шаҳри Душанбе ҳамчун рӯйдоди таърихӣ дар сиёсат ва иқтисоди минтақа ворид хоҳад шуд. Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи худ дар соҳаҳои дипломатия, иқтисод ва амният тавонист, ки ба ин платформа руҳи нави ҳамкории амалиро ворид созад.

Сафаров Усмон Шаҳобиддинович, сармутахассиси раёсати таълими ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top