9-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» бо мулоқоту музокироти пурмуҳтаво ва созанда баргузор гардида, зимни он доираи васеи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва бисёрҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Муколамаҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, сатҳи баланди муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русияро тасдиқ намуда, дар ин замина ба идома додани муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои гуногун изҳори ҷонибдорӣ намуданд.
Ҷиҳатҳои зарурат ва аҳаммияти ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» иборат аз афзоиши устувори ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод буд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳким бахшидани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуногунсамтсозии муомилоти молӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ ва коркард, инчунин металлургияи ранга таъкид карда шуданд.
Фаъол гардонидани робитаҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба мувофиқа расида, алоқамандии пайваста ба ҳамкории сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ баён шуда, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аҳаммияти махсус дода шуд.
Аҳаммият ва зарурати ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин аз он иборат аст, ки дар асоси тавофуқоти нави бадастомада, зарурати ҳарчи зудтар амалӣ намудани Созишнома оид ба таъсиси Парки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуда, он дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ карда мешавад.
Ҳамзамон, ба аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкории байниминтақавӣ ишора карда шуда, қайд гардид, ки айни ҳол тақрибан 80 субъекти Федератсияи Русия бо минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дошта, дар самти гуманитарӣ ба масъалаҳои илму маориф ва фарҳангу санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, мувофиқа карда шудаанд.
Аз ҳама муҳим зарурати ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» иборат аз он аст, ки бо қаноатмандӣ афзоиши бурсияҳои давлатиро аз ҷониби Федератсияи Русия барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ зикр намуда, барои дастгирӣ дар омодасозии омӯзгорони забони русӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ба забони русӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ҳамчунин барои сохтмони панҷ мактаби раванди таҳсилашон ба забони русӣ изҳори сипос карда шуда, барои дастгирӣ ва мусоидат дар сохтмони Марказ барои кӯдакони болаёқат, Театри драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар шаҳри Душанбе, ба муҳтарам Владимир Владимирович Путин изҳори миннатдорӣ баён карда шуда, дар ин замина зарурати идома додани омодасозии мутахассисонро дар соҳаҳои театр ва синамо дар муассисаҳои пешбари таълимии тахассусии Федератсияи Русия таъкид карда шуданд.
Аҳаммият ва зарурати дигари ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» иборат аз он буд, ки ҷонибҳо дар масъалаи дастгирии табодули академӣ, ташаббусҳои муштараки тадқиқотӣ ва баргузории форумҳои зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм ба созиш расида, зарурати густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиш ҳамчун омили тақвиятдиҳандаи наздикшавии мардумони мо, бахусус ҷавонон, таъкид гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки солҳои охир шумораи сайёҳони аз Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда афзоиш ёфта, дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардиданд.
Ҳамчунин, вазъи минтақа муфассал баррасӣ гардида, ба таҳдиду хатарҳои терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва таҳдидҳои киберӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда шуданд. Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо барои муборизаи самаранок бо ин таҳдиду хатарҳо таъкид шуда, ба ҳамёрии ҳамоҳангшуда ва судманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ниҳодҳои мудофиавии ду кишвар баҳои баланд дода шуд.
Натиҷа, ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» дар шаҳри Душанбе, ҳамчунин, аз он иборат аст, ки доир ба таҳкими ҳамёрӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки дар онҳо кишварҳои ҳар ду тараф мавқеи наздик доранд, мубодилаи афкор анҷом дода шуда, аз рӯйи мулоқоту музокирот бастаи муҳимми санадҳои дуҷониба оид ба соҳаҳои муҳимми ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла, санадҳо дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки онҳо заминаи ҳуқуқии рушди минбаъдаи ҳамёриро дар ин самт таҳким мебахшанд, таъкид гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар масъалаҳои муҳоҷират дар фазои созанда пеш хоҳад рафт.
Ҳамин тариқ, тамоми омодагиҳои муштарак барои тақвияти минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ дар ҳамаи самтҳо муайян гардида, дар ин замина натиҷаҳои ҳамоиши «Осиёи Марказӣ - Русия» ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак вусъати тоза бахшида, уфуқҳои нави ҳамёрии ду тараф мушаххас гардонида шуданд, ки ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия такони нав хоҳанд бахшид.
Нидоев Нозимҷон Фозилович, доктори илмҳои иқтисодӣ, и.в. профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ