Чароғи раҳнамо бошад муаллим,
Ба мардум раҳкушо бошад муаллим.
Хирадманду азизу арҷманд аст,
Рафиқи бовафо бошад муаллим.
Ҳазорон офарин бар қалби покаш,
Баҳори дилкушо бошад муаллим.
Агар шогирдҳо чун ахтаронанд,
Ба онҳо чун само бошад муаллим.
Ба тоқат ҳамчу санги осиё аст,
Чу ҷӯйи босафо бошад муаллим.
Сухан санҷида мегӯяд ҳамеша,
Чу сози хушнаво бошад муаллим.
Кашида заҳмати таълими шогирд,
Сазовори дуо бошад муаллим.
Тошмаҳмад Маҳмадхонов, дотсенти кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ