Омӯзгор равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму маърифат мебошад. Оре, бе омӯзгор кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Омӯзгор барои аз худ намудани касбу кор ва нозукиҳои ҳунарҳои мухталиф ногузир аст. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон омӯзгор рамзи баҳор аст. Омӯзгор чи тавре, ки аз номаш бармеояд он аст, ба кас хату савод омӯхта, дари бахту саодатро барои дигарон боз мекунад. Аз қадим бузургони илму адаб ба омӯзгор эҳтироми хосса доштанд ва онҳо дар симои омӯзгор шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана ҳамин анъана то имрӯз боқӣ мондааст. Беҳуда нест, ки омӯзгорро оинаи ҷамъият, ҷамъоварандаи донишҳои парешонгардида меноманд. Инчунин, бояд зикр намуд, ки рушд ва ояндаи ягон ҷомеаро бе заҳмати омӯзгор наметавон тасаввур кард. Зеро омӯзгор дар тарбияи насли ояндасози миллат ва мутахассисони баландихтисос нақши арзанда дорад.
Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».
Пас, мо омӯзгорон имрӯз бояд ҷавононро дар руҳияи содиқ будан ба анъанаҳои неки гузаштагони хеш, донистани забону таърихи пурғановати миллати худ ва дар руҳияи ватандӯстию инсондӯстӣ тарбият намоем.
Амонатзода Маҳбуба Ато, н.и.г., и.в., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ