Омӯзгор чароғи роҳнамо, равшанкунандаи зеҳн ва дил, тарбиятгари инсони комил мебошад. Ӯ шахсе аст, ки бо меҳру муҳаббат, сабру таҳаммул ва донишаш моро аз зулмати нодонӣ ба сӯйи нури маърифат мебарад. Воқеан, арзиши ҳақиқии омӯзгор дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ эҳсос мешавад, ҳар вақте мо сухани дуруст мегӯем, ахлоқи нек нишон медиҳем, ё дар ҷомеа шахсияти муҳиме мешавем, ин заҳмати омӯзгор аст. Омӯзгор на танҳо масъули расонидани маълумоти китобист, балки ӯ намунаи ибрат барои ахлоқу одоб ва ҷаҳонбинии шогирд низ мебошад. Омӯзгор бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш буда, то тавонад ҷавобгӯйи талаботи замон бошад. Рисолати ҳар як омӯзгор ин тарбияи инсони бофурӯғ, боэътимод ва муҳимми иҷтимоӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро ақл, шарафу виҷдон ва симои асосии ҷомеа унвон намуда, тарбия ва ташаккули хислатҳои ҳамидаи инсониро дар насли наврас, насле, ки пояи илму фарҳанги миллатро ба силсилаи пешқадами тамаддуни ҷаҳонӣ пайваст менамояд, ба устодону омӯзгорон вобаста донистаанд. Аз ин лиҳоз, дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар омӯзгор меистад”.
Ҳамзамон қайд намудан бо маврид аст, ки масъалаҳои марбут ба зиндагии шоиста ва шароити арзандаи фаъолияти омӯзгорон пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Сол то сол зиёд шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маориф аз зумраи ташаббусҳои оқилонаи мақомоти олии мамлакат ба шумор меравад, ки бо мақсади дастгирии намояндагони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорон татбиқ мегардад.
Имрӯзҳо омӯзгор ҳамчун омили муҳимми низоми таълимӣ ва рушди инсоният, дар ташаккули ҷомеаи донишбунёд нақши муассирро мебозад. Ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, зарур аст, ки ба омӯзгорон на танҳо аз ҷиҳати моддӣ, балки аз лиҳози маънавӣ низ арҷ гузошта шавад. Маҳз тавассути эҳтиром ва дастгирии омӯзгорон, метавонем ба самти ташаккули ҷомеаи инноватсионӣ ва дорои ахлоқи баланд ҳаракат намоем.
Ҷиҳати арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни омӯзгорон ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди омӯзгор таҷлил мегардад. Итминони комил дорем, ки омӯзгорон минбаъд низ ҳамчун нерӯи пешбар ва иқтидори воқеии пешрафти мамлакат баҳри таъмини рушди Тоҷикистони азиз ва таълиму тарбияи ҷавонони соҳибхираду донишманд ва мутахассисони касбиву мутобиқ ба талаботҳои муосир ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Назруллозода Майсара Назрулло, н.и.и., и.в., дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ