Дар зиндагии ҳар як инсон шахсоне ҳастанд, ки дар ташаккули ҳаёт ва ҷаҳонбинии он нақши бузурге доранд. Яке аз ин гуна шахсоне, ки дар зиндагии ҳар як шахс таъсири калон дорад ин омӯзгор аст. Дар ҳама давру замон омӯзгорон дар ташаккул ва рушди ҷомеаи инсонӣ ва тамаддуни башар нақши авалиндараҷа доштанд. Тамоми пешравӣ ва рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ аз омӯзгор сарчашма мегирад. Алалхусус дар тарбияи насли наврас нақши омӯзгорро ба таври назаррас метавон дарҷ кард.
Дарвоқеъ касби омӯзгорӣ касби мушкил, пурмасъулият ва пуршараф ба ҳисоб меравад. Аз уҳдаи ин касби пурмасъул на ҳар кас баромада метавонад, зеро омӯзгорӣ касбест, ки пурмасъулиятӣ ва доштани қобилияти баланди фикрронӣ ва ақлониро талаб мекунад. Омӯзгор шахси барумандест, ки аз хурди ба инсон илму адаб омӯхта, ӯро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва ба воя мерасонад. Ӯ дар ҳаёти шахсии ҳар як инсон шахси бузургест, ки дар баробари волидон касро олами маънӣ меомӯзонад. Сарчашмаи ҳама комёбиҳо ва рушду пешравии ҳар як фард аз омӯзгор сарчашма мегирад. Тавре гуфтаанд :
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Бузургон заҳмату талошҳои омӯзгорро болотар аз масъулияти як падар нисбати фарзанди худ медонанд. Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки “Ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт”. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳои худ пайваста нақш ва мақоми омӯзгорро таъкид мекунад. Аз ҷумла, Пешвои миллат қайд кардаанд, ки “Муаллим ақлу шараф, виҷдони ҷомеа ва симои асосӣ мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро дареғ ба фарзандони худ медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.
Дар ҳақиқат ҳам дар ҷомеаи имрӯза касби омӯзгорӣ яке аз касбҳои пурмасъулиятнок ба шумор рафта, назди мардум як шуҳрати ба худ хосро дорост. Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар сар то сари кишварамон ҳамчун рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Ин пеш аз ҳама аз таваҷҷуҳи хоссаи Роҳбарияти олии мамлакат ба мартабаи омӯзгор дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Тоиршои Қадамшо, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ