ОМӮЗГОР - ФАРДОИ ҶОМЕАИ СОЛИМ

Бинанда: 128 | Санаи нашр: 04 Октябр 2025

Дар ҷаҳони муосир омӯзгор шахсест, ки бо заҳмату меҳнати содиқонаи худ ба шогирдон дари донишро мекушояд. Ӯ ба ҳайси омӯзгор, дӯст ва роҳнамоест, ки ба шогирдон дар дарки дурусти зиндагӣ ёрӣ мерасонад.

Ҳар сол рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз фурсатест, ки ҷомеа ба заҳмату меҳнати омӯзгорон арҷ гузорад ва мақоми баланди онҳоро боз ҳам равшантар таъриф намояд. Омӯзгор шахсияти муқаддасе аст, ки бо илму дониши худ на танҳо дари мактаб, балки дари фардои дурахшони миллатро мекушояд.

Нақши омӯзгор дар ҷомеа бузург аст. Ҳар як табиб, муҳандис, сиёсатмадор ё олим - ҳама аз мактаб оғоз карда, маҳз аз омӯзгорон илму одоб омӯхтаанд. Ин касб пурифтихор аст, вале ҳамзамон заҳматталаб ва пурмасъулият. Омӯзгор бояд на танҳо дониши амиқ, балки меҳрубонӣ, сабру таҳаммул ва ҳисси масъулият дошта бошад.

Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгор дар ҷомеа мавқеи муҳимро касб кард ва тавре иброз медоранд: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим – омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад».

Аз замонҳои қадим омӯзгорон ба ҳайси роҳнамоёни маънавӣ ва равшангарони ҷомеа шинохта шудаанд. Омӯзгор аввалин касе аст, ки дар қалби кӯдак муҳаббат ба дониш, эҳтиром ба инсон ва эҳсоси ватандӯстиро бедор мекунад. Ӯ на танҳо фанни таълимиро меомӯзонад, балки шогирдонро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад, дар қалби онҳо ормон ва умед месозад.

Омӯзгорон мисли чароғи фурӯзонанд, ки роҳи донишомӯзонро равшан мекунанд. Онҳо метавонанд бо як сухани нек, як дастгирии содда умед ва бовариро дар дили шогирд бедор созанд. Дар шароити имрӯзаи ҷомеа, ки илму техника босуръат пеш меравад, нақши омӯзгор боз ҳам муҳимтар мегардад.

Мо бояд ҳамеша эҳтироми омӯзгорро нигоҳ дорем, заҳматҳояшро қадр кунем ва аз ӯ омӯзем. Чунки омӯзгор асоси фардои ҷомеаи солим ва пешрафта аст.

Ҳамон тавре ки чароғ торикиро дур мекунад, омӯзгор нодонӣ ва ҷаҳлро нест мекунад. Ӯ раҳнамои роҳи зиндагӣ ва парчамбардори маърифат аст. Бигзор эҳтиром ба омӯзгор танҳо ба як рӯз маҳдуд нашавад, балки ҳар рӯз бо қадршиносӣ ва эътирофи меҳнати онҳо сипарӣ гардад.

Абдуразоқова Саодат Шамсиддиновна, ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top