“Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод-омӯзгор, зиёӣ эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешаи омӯзгорӣ чун қуллаи нурафканест, ки тамоми касбу вазифаҳои олам аз он сарчашма мегиранд. Аз ин лиҳоз саромади педагогика Ян Амос Каменский (1592 - 1670) ба касби ифтихорманди омӯзгорӣ баҳои арзанда дода, чунин гуфтааст: «…ба муаллимон вазифаи беҳтарине супорида шудааст, ки болотар аз он дар зери хуршед чизе буда наметавонад».
Муаллим равшанкунандаи ҳаёти инсон дар ҷомеа мебошад. Муаллим ҳаст, ки дари илму донишро ба рӯи инсон мекушояд. Муаллим мисли фасли баҳор, агар барои аз хоби ноз бедор кардани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният мақоми омӯзгор калон аст.
Омӯзгор вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамояд, илм меомӯзад, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси руҳи инсон аст, чунонки шоир фармудааст:
Бар мақоми рушди рӯҳии одамизод,
Муаллимро муҳандиси аввал бибар ёд.
Хушбахт онест, ки сазовори номи пуршарафи омӯзгор гардад. Омӯзгор касби хеле пуршараф аст, аммо заҳматталаб мебошад. Омӯзгоре, ки ҳамеша ҷидду ҷаҳд мекунад, дар ӯ эҷодкорӣ асар мекунад ва ӯ сазовори номи пуршарафи омӯзгорӣ мегардад. Муаллими ҳақиқӣ на ҳама шуда метавонанд, чунки донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтор, гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Бар ҳақ Ибни Ямин гуфтааст:
То тилф хонаду соҳибҳунар гардад,
Устоди меҳрубони ӯ хуни ҷигар шавад.
Омӯзгорро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон ташбеҳ диҳем, чароғест, ки дунёи маънавии шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Аз ин лиҳоз, саҳми устоду омӯзгор, ки дар ҳар давру замон интиқолдиҳандаи илму дониш будааст, барои рушди ҷомеа хеле муҳим будааст.
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
- фармудаст устод Абуабдулло Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакӣ.
Калима муаллим аслан вожаи арабӣ буда, аз решаи “илм” баромадааст ва маънияш ҳам шахсест илму донишро ба дигарон мерасонад ва меросдори асосии илму маърифат аст. Муаллим, устод, омӯзгор, мураббӣ - шахси хирадманд аст, ки донишро ба дигарон меомӯзонад, яъне машъалбардори илму маърифат аст.
Рисолати омӯзгор яке аз муқаддастарин ва пурифтихортарин рисолатҳо дар зиндагии инсон маҳсуб меёбад. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки аҳли маърифат, махсусан устодону муаллимон, ҳамеша ҳамчун сутуни асосӣ ва чароғи роҳнамо барои ҷомеа пазируфта мешуданд. Омӯзгорон буданд, ки маърифатро паҳн карда, роҳи башариятро ба сӯи нур ва рушд кушоданд.
Имрӯз низ, дар асри пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавӣ, нақши омӯзгор беш аз ҳарвақта муҳимтар гардидааст. Зеро маҳз омӯзгор шахсияти фарзандони миллатро шакл медиҳад, ба онҳо дониш, маърифат, ахлоқ ва одоби ҳамида меомӯзонад ва барои фардои дурахшони ҷомеа замина мегузорад.
Омӯзгор - сутуни маънавӣ, такягоҳи умед ва нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошад. Ин маҳз омӯзгор аст, ки дар қалби шогирдон меҳри Ватан, эҳтироми арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳиро парвариш медиҳад. Ӯ аз шогирд на танҳо мутахассиси соҳибкасб, балки инсони комил, дорои ахлоқи ҳамида, инсоф, адолат ва муҳаббати беандоза ба мардумро ба камол мерасонад.
Дар арафаи Рӯзи омӯзгор, бояд бо ифтихор зикр намоем, ки омӯзгорӣ танҳо як касб нест. Он ишқ аст, муҳаббат аст, фидокорӣ ва паёми маънавии ҳаёт аст. Омӯзгор мисли офтобест, ки бо нури худ зулмотро аз дили инсонҳо дур месозад; мисли чашмаест, ки ташнагии маънавии ҷомеаро мешиканад; мисли дарахтест, ки меваҳои ширини илм ва ҳикматро ба ояндагон эҳдо менамояд.
Ҷомеа ва давлат симои фардои худро маҳз дар симои омӯзгор мебинад. Агар омӯзгор содиқу ватандӯст бошад, миллат низ боиси ифтихору сарбаландӣ мегардад.
Бо боварии комил мегӯям, ки бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи омӯзгорони кишвар, насли ҷавони мо ба шогирдони соҳибдониш, соҳибмаърифат, дорои тафаккури илмӣ ва қавии ватандӯстӣ табдил меёбанд. Онҳо ҳамчун меросбарони ҳақиқии миллат парчами Тоҷикистони азизро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд хоҳанд бардошт.
Шодмонов Ориф, омӯзгори кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ