САНО БАР ҚАЛБИ ҶӮШОНИ МУАЛЛИ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 04 Октябр 2025

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид кардаанд: “Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯйи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст”.

Сари таъзим меорам ба номат ман,

Кӣ аз ту гаштаам шогирди доное.

Кӣ аз ту гаштаам умре ба қиммат дар ҳама ҷое,

Кӣ аз ту фахр дорам ман, ки буди солҳо омӯзгори меҳрафзое.

Дар ҳақиқат, муаллим шахси барумандест, ки инсонро аз хурди илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, муваффақиятҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорону муаллимон вобастагии ногусатанӣ дорад.

Аз таҷрибаи ҳаёт бар меояд, ки муаллимон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Ба қавли бузургон муаллим муҳандиси рӯҳи инсон аст.

Муаллим шамъи фурӯзонест, ки худ месӯзаду аз шӯълаи равшании худ роҳи ҳаёти инсонҳоро мунаввар мегардонад. Бузургони адабиёти классикии тоҷик Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синою Аттор, Саноию Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Xомӣ муаллимони барҷастаи илми ахлоқу одоб буданд. Эшон маҳз бо каломи сеҳрангези худ инсонҳоро тарбия мекарданд. Каломи сеҳрангези эшон чароғи ҳидояте буд барои инсонҳо ба сӯйи худогоҳиву хештаншиносӣ ва маърифатгароӣ. Ва имрўзу фардо низ насли наврас, хонандагон, ҷавонон пандҳои ин бузургони илму адабро маҳаки зиндагии хеш медонанд.

Муаллим чароғи раҳнамо ва ҳидоятгари башарият дар ҳар давру замон ба роҳи дурусту растагорӣ аст. Аз ин ҷост, ки аҳли хирад мардумро ба пос доштани қадру манзалати муаллим даъват намуда, ӯро падари маънавӣ меҳисобанд.

Бояд зикр намуд, ки муаллим касе оддӣ нест, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад. Дар ҷомеаи муосир, ки технология босуръат ривоҷ меёбаду хонанда ба ҳамаи маводи таълимӣ метавонад дастрасӣ дошта бошад ва ҳамчунин бо истифода аз усули таълими масофавӣ хеле чизҳоро азхуд кардан мумкин аст, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву дорои саводи баланди педагогӣ афзун мегардад. Ҳамон вақт дарс дилбазан мешавад, ки муаллим аз усулҳои интерфаъоли дарс истифода бурда ва диққати онҳоро ба маводи омӯзиш ҷалб карда натавонад. Барои таълими дурустро ба роҳ мондан аввало тарбияи саҳеҳ мебояд. Зеро фарзанди тарбиянадида мисли гули бебӯй ва оши бенамак аст. Маҳз, маънавияти баланд, таҳаммулпазирӣ ва оқибатандешӣ дар натиҷаи тарбияи солим рӯйи об меояд. Аз ин хотир, идеал будани муаллим дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули маданияти ҷавонон нақши беназир дорад.

Имрӯзҳо дар Тоҷикистони биҳиштосои мо барои баланд бардоштани савияи таълим ва рағбатноксозии омӯзгорон як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ шудааст, ки барои ҳарчи вусъат ёфтани маҳорату малакаи омӯзгорони ҷавон имконият фароҳам меорад. Кӯмак ба омӯзгор ин кӯмак ба ояндаи ҷавонон аст, агар эҳтиёҷи моддиву маишии омӯзгорон таъмин карда шавад, онҳо ба тарбияи насли босавод ҳиммат мегуморанд ва дар натиҷа истеъдодҳои зиёд кашф мегардад. Аз ин ҷиҳатҳо ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии муаллимон ва афзун кардани малакаи касбии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад, ки боиси хурсандист. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ барои дастгирии устодон ва омода намуани шароити мусоиди корӣ диққати назаррас дода мешавад.

Дар ҳама давру замон ҷомеаи ҷаҳониро бе устод, муаллим, омӯзгор дарк кардан хеле душвор мебошад. Зеро моро устод таълим медиҳад ва бо роҳи рости зиндагӣ омода менамояд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки “муалим мисли шамъ аст, худаш месӯзад ва ба дигарон равшанӣ мебахшад”.

Бешак худ қазоват кунед, ки дар ҷомеа, ки омӯзгор набошад, он ҷомеа ё табақа аз ҷиҳати бесаводӣ ба нестӣ рафта, миллат қашшоқ мешавад. Омӯзгор натанҳо аз ҷониби бузургони илму адаб, балки аз ҷониби пайғамбарон низ чун як шахси азизу муътабари ҷомеа таҷассум ёфтааст. Аз ин ҷо мо метавонем ба хулосае биёем, ки дар васфи омӯзгор ҳам олимони соҳаи дин ва ҳам олимони соҳаи дунявӣ ақидаҳои худро пешниҳод карда, дар ҳама ҷо қадру манзалати устод, омӯзгорро дар мадди аввал гузоштаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст,

В-аз падар устод дар пеш аст.

Худ шахсан андеша кунед, ки дар ҳар ҷое, ки дар бобати устод, омӯзгор, муаллим, тарбиятгар сухан равад, ҳатман ва ҳатман қадру манзалаташ бологузар аст. Мисол, дар ин мисраҳои шеърие, ки аз ҷониби шоир оварда шудааст, дар он ҷо қадри устод аз падар беш дарҷ гардидааст. Зеро падар навозиш намояд, он қадар таъсири неки худро дар ояндаи фарзанд гузошта наметавонад, омӯзгор баръакс талаб кунад, сахтгир бошад, ҳамаи ин ба ояндаи мо фоидаи калон меорад. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеа ҳастанд шахсоне, ки ба устод, омӯзгор беэҳтиромӣ зоҳир намуда, ба қадри эшон намерасанд. Чаро мо ба гузаштаи худ назар наафканем, зеро мо худ ҳеҷ будем, шахсе моро раҳнамун шуд, ки мо ба ин мартабаи инсонӣ расидаем. Дар ин ҷо мо бояд дар ҳамбастагӣ бо волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷамоатчигӣ зарур аст, ки садди роҳи ин амалҳои ноҷоро гирифта, қадру манзалати муаллим - тарбиятгари насли наврасро дар мадди аввал гузорем.

Дар масъалаи устоди хуб ё беҳтарин ин ҷо мехоҳем таъкид намоем. Устоди беҳ бояд он бошад, ки он чиро барои худ дӯст дорад, барои шогирдон ҳам мақбул донад ва он чиро, ки худ мақбул надорад, барои шогирдон низ хуш надорад. Устод бояд ҳушёртар дар пеши нафсонияташ бо шогирд бошад ва муроқиби ростгӯйӣ ва ахлоқи ботинии худ ва атрофиёнаш бошад. Дар ин сурат вай метавонад аз худ ба шогирд меросе ё сутуне боқӣ гузорад ва ӯро ба қуллаи баланд барорад.

Шояд устоде набошад, ки барои нафъи зарари шогирди хеш мекӯшида бошад. Вай фарзандашро чӣ тавр тарбия ва ҳурмат менамояд, дастпарвардонашро низ чунин ҳурмат мекунад. Зеро хоҳ фарзанд, хоҳ шогирд агар дар ҷамъият шахсони намоён шуда, ба воя расанд, албатта ин боиси фахри устод мегардад. Шогирд бояд ба ҳар ранҷу азоби устод тобовар бошад. Зеро ҳар ранҷу озори устодро аз меҳру муҳаббати падар болотар ва азизтар бояд гузошт.

Дар анҷом чанд мисраъҳои гуҳарбору самимонаеро ба ҳамаи устодону омӯзгорону муаллимон мебахшем:

Сано бар қалби ҷӯшони муаллим,

Ба паймону ба эҳсони муаллим.

Чу субҳи босафо бинем ҳамеша,

Рухи тобону хандони муаллим.

Муроди ӯ ҳақиқат, росткорӣ,

Чӣ ҷои шак ба имони муаллим.

Надорад давлати дунё, валекин

Пур аз ганҷ аст, бин, хони муаллим.

Чу шири модарон аз баҳри тифлон,

Бувад ҳаққу ҳалол нони муаллим.

Ғаюрӣ Раъно Саидмурод, мудири кафедраи фаъолияти гумруки ДДТТ

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top