САВГАНДИ ОМӮЗГОР

Бинанда: 9 | Санаи нашр: 03 Октябр 2025

Дар раванди инкишофи таърихи башарият як қатор дигаруниҳое дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад, ки ҳар кадом маҳсули зеҳнии инсонҳост. Сарчашмаи ин ҳама ободию бунёдкориҳо аз таълиму тарбияи дурусти наврасону ҷавонон дар роҳи илму маърифат бевосита ба заҳмати шабонарӯзии омӯзгор вобастагӣ дорад.

Омӯзгор нафарест, ки вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифтаву аз зиндагии пур аз розу ниёзи хеш даст кашида, тамоми ҳастии худро барои аз бар намудани олами маънӣ ба фарзанди мардум медиҳад.

Омӯзгор барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори на танҳо устодаш балки миллат гаштанаш мумкин аст. Даме, ки омӯзгор шогирдашро дар ин ё он соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ аз паи иҷрои вазифа мебинад, доир ба фаъолияташ сухани нек мешунавад мефахрад, чунки дар симои он заҳмати хешро, натиҷаи ҷустуҷӯ ва мутолиаи кардаашро мебинад.

Аз қадимулаём бузӯргони илму маърифат муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста тамоми камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор намунаи ибрати ҳар нафар дар зиндагист.

Устод нафарест, ки вазифааш ташаккули шахсият аст. Бесабаб онро М. Горкий муҳандиси рӯҳи инсонӣ наномидааст. Омӯзгор ба он хотир муҳандиси руҳи инсонист, ки ба шогирдон на танҳо ҳақиқати воқеиро фаҳмонида медиҳад, балки аз он инсони бошуур месозад.

Агар дақиқ нигарӣ кӯдак танҳо ҳамон вақт имконияти инсон шудан дорад, ки дар дасти тарбиятгари дурӯст афтида бошад. Падару модар ӯро танҳо ба дунё меоранд. Аммо барои соҳибақлу соҳибмаърифат, соҳибҳунару инсони комил шуданаш устод, омӯзгор заҳмат мекашад. Кӯдакро тарзи дурусти фикркунӣ, рафтори қобили қабули ҷамъиятро, фарқ намудани баду неки зиндагиро омӯзгор меомӯзонад. Аниқтараш имконияти инсон шудан доштаи кӯдакро ба воқеият табдил додан ва аз вай инсоният ташаккул додан кори омӯзгор аст.

Кӯдак танҳо ҳамон вақт соҳиби шахсият мегардад, ки аз мактаби устод гузашта аз он дарси чигуна рафтору амал карданро дониста мегирад ва худ қобилияти мустақилона андеша намудан, таҳлил ва муқоиса кардану ба амалу рафтор ва кирдори хешу атрофиён баҳо доданро ёд мегирад.

Дараҷаи маърифатнокию бофарҳангии ҳар кадом инсон ба он узван алоқаманд аст, ки то кадом андоза сухани омӯзгор, фикру андешаи онро қабул намудааст. Дар симои омӯзгор як насиҳатгар, як шахси танҳо талабгарро не, балки нафареро дидаю дарк намудааст, ки вай воқеан ғамхораш будааст. Барояш танҳо некӣ мехостааст. Мақоле, ки “Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар” дар байни мардум маълум аст, ба ҳамин хотир аст, ки устод на танҳо талаб менамояд балки маҷбур низ менамояд, то ки шогирд чизеро аз бар намояд. Устод ҳамеша мехоҳад дар лаҳзаҳое, ки шогирд дар дарки маънии ин ё он фан душворӣ мекашад, сухане ёбад, ки он руҳияи шогирдро баланд намояд, ҳавасашро пайдо кунад, бача ба худаш қобилияташ боварӣ пайдо намояд. Сахтгирии устод нишонаи бадии вай нест, балки нишонаи масъулиятдоираш дар назди волидайни шогирдону ҷомеа мебошад, зеро ҷамъияти инсониро танҳо ақли расои одамон дараҷаи донишу дастони пурҳунар обод менамоянд.

Вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба ҷавонон кардаю онҳоро барои аз бар намудани илму маърифат ва касбу ҳунар даъват менамоянд, таъкид менамоянд, ки омӯзгор равшангари роҳи ҳаёт аст. Пешрафти ҷомеаро бе устоди донишманд, серталаб, боадолат ғайри имкон медонанд, зеро агарчи устодон ба таври расмӣ дар назди ҷомеа қасам ёд накунанд ҳам ин матни қасами устоди аввалини башарият мутафаккири Юнони қадим Суқротро дар хотир дошта онро содиқона иҷро менамоянд

Савганди омӯзгор (аз лиҳози арзишҳое, ки Суқрот ба онҳо ишора намудааст)

Ба номи шогирд ва барои тамаддуни башарият чунин савганд ёд мекунам:

Эҳтиром ба шахсияти шогирдамро новобаста аз синну соли ба балоғатрасии ӯ ба ҷо меорам; Худро масъули саломатии ҷисмонӣ ва ахлоқии шогирдон медонам; Истеъдоди азалии шогирдамро ба манфиати ӯ ва атрофиёнаш тақвият мебахшам; Иродаи мустаҳками шогирдамро нашикаста, дар ҳама ҳолат ба дастгирии ӯ омода мебошам; Роҳи шинохти оламро ба ӯ нишон медиҳам; Ӯро дар ҳолати бесаводӣ ва ноумедӣ намегузорам; Роҳи расидан ба олами зебоӣ ва хушбахтиро нишон медиҳам ва дар тафаккури ў эҳсоси беҳшавиро бедор месозам; Ӯро ба талоши ҳақиқат ва таҳаммули ғалатҳо раҳнамун месозам.

Ҳамчунин савганд ёд мекунам, ки: Насли ояндаро дар рӯҳияи созандагӣ тарбия намуда, ба сӯи оламе, ки барои зистан арзиш дорад, раҳнамун месозам; Ба шогирдон дар хоксорӣ ва Таҳаммул дар ҳалли мушкилиҳо намунаи ибрат нишон медиҳам; Бар алайҳи он амалҳои номатлубе, ки аз манфиатҳои гурӯҳӣ ва фардӣ сарчашма гирифта, барои иҷрои содиқонаи фаъолияти педагогиам монеъ мешаванд, муқовимат нишон медиҳам.

Дар замони Суқрот шогирдон ташнаи илм, ташнаи шунидани фикри наву сухани бикр буда, ҳамеша устод дар иҳотаи онҳо буд. Ҳар ҷумлае, ки дар сари роҳ дар ҷойҳои серодами шаҳр аз забони устод мебаромад, шогирдон онро сабт карда, бегоҳ онҳоро ба низом медароварданду худашон онҳоро китобат менамуданд.

Шогирдони Суқрот мисли шогирдони имрӯза набуданд. Онҳо аз паси устод мерафтанд. Онҳо ба насиҳату сарзаниши устод ниёз надоштанд. Дар майнаи шогирдони на танҳо Суқрот балки тамоми омӯзгорон чизеро донистан аз худ намудан ва чизи азбар намудаашонро ба манфиати худ ва ҷомеа истифода бурдан буд.

Шогирдон, ки худро ояндаи ҷамъият медонистанд, ниёз ба насиҳати устод надоштанд. Аз устод намегурехтанд. Баръакс ҳамеша бо вай буданд. Агар чунин намебуд аз байни онҳо Главкон, Алимонт, Афлотун, Тразимах, Кефа барин садҳо донишмандон ба воя намерасиданд ва бо устоди хеш мусобиқа намекарданд, ки кӣ бештар мехонад ва бештар медонад. Оё имрӯз аз байни ҳазор шогирд нафаре ёфт мешавад, ки бо устодаш дар омӯхтани илм ва дарки асрори ҳастӣ мусобиқа ташкил намояд? Пас то кадом андоза устод бар қасами хеш содиқ мемонад, имрӯз ба устод вобастагӣ надошта он ба шавқу завқи шогирдон вобаста аст.

Каримова Зарафшон Ҳафизовна, омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top